Муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Ҷонси 12-уми сентябр доир мешавад

Муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Ҷонси 12-уми сентябр доир мешавад

  • Post category:Варзиш

Бино ба пойгоҳи хабарии TMZ рақботаи Майк Тайсон ва Рой Ҷонси хурдӣ санаи 12-уми сентябр дар иёлоти Калифорнияи Амрико доир мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ин муҳориба аз 8 давр иборат мебошад.
Худи Тайсон низ дар сафҳаи инстаграмаш навиштааст: «Ман бармегардам. 12-уми сентябр бар муқобили Рой Ҷонс рақобат мекунам».
Ноибтғаи бокс, Майк Тайсон охири моҳи апрел аз бозгашти дубораи худ пас аз 15 сол ба майдони муҳориба эълон карда буд.
Ин варзишкори машҳур дар замони фаъолияти касбияш 50 муҳорибаро бурда, 44 рақобатро ба таври нокаут ба анҷом расонидааст. Ӯ ҳамчунин 6 рақобатро бохтааст. 
Гузашта аз ин боз ду набардӣ ӯ беэътибор дониста шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ