Магистрант Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд дар барномаи Бундестаги Олмон иштирок кард

Таълим

Бо ташаббуси сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Олмон диёри моро аз соли 2020 ба барномаи» Стипендияи байналмилии парламент» — и (IPS) Бундестаги Олмон дохил карданд.IPS бо сарпарастии Президенти Бундестаг гузаронда мешавад ва такмили ихтисоси 5 моҳаи вакилони наздики 40 давлатро таъмин мекунад.Иштирокчиёни он бо ҷараёни фаъолияти сохтори парламенти Олмон, ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ,қабули қарорҳои сиёсӣ шинос шуда, дар семинар, вохӯрӣ ва машғулоти амалӣ иштирок мекунанд.

Бундестаг иштирокчиёни барномаро ба воситаи ваколатхонаҳои хориҷии Олмон аз байни ҷавонони то 30 солаи қобилиятнок ва ояндадор интихоб мекунад.Дар барномаи IPS — 2020 106 нафар вакили 36 мамлакат иштирок карданд.
Дар натиҷаи озмуне,ки дар Ӯзбекистон бори нахуст гузаронда шуд,магистранти ДЗХС Ҷамшед Каримов,хатмкунандаи Донишгоҳи иқтисодиёт ва дипломатия ҷаҳон Маҳкам Ҳамидов ва сармутахассиси мактаби дипломатияи олии донишгоҳи мазкур Шаҳбоз Ёдгоров дар моҳҳои март -июли соли 2020 дар барномаи мазкур иштирок карданд.

Хизмати ахбори ДЗХС

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ