Ҷонсон: Ҳукумати Британияи Кабир дар оғози пандемия хато кард

Ҷонсон: Ҳукумати Британияи Кабир дар оғози пандемия хато кард

  • Post category:Ҷаҳон


Борис Ҷонсон, сарвазири Британияи Кабир дар мусоҳибаи телевизионии Би-би-си эътироф кард, ки ҳукумат дар оғози пандемия ба иштибоҳҳое роҳ дод.
Ӯ гуфт, “Мо шояд миқёси муаммоҳоро комилан дарк накардем ва сирояти бенишонаи вирусро ба ҳисоб нагирифтем”.
Ҷонсон афзуд, ки ҳукумати Британияи Кабир таҷрубаи омӯхтаашро дар оянда, аз ҷумла ҳангоми такрори авҷи коронавирус истифода хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки то ҳол дар Британияи Кабир беш аз 297 ҳазор нафар гирифтори коронавирус ва беш аз 45,5 ҳазор нафар қурбони он шуданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ