ИМА 90 дарсади захираи доруи зидди COVID-19-ро харид кард

ИМА 90 дарсади захираи доруи зидди COVID-19-ро харид кард

  • Post category:Ҷаҳон


Ҳукумати Иёлати муттаҳидаи Амрико 90 дарсади захираи ҷаҳонии доруи “Ремдесивир”-ро, ки дар муолиҷаи коронавирус истифода мешавад, харид кард. Дар ин бора Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи гузашта ҳангоми суханронии худ қабл аз имзои фармони коҳиши нархи доруҳо дар эълом кард.
Трамп дар раванди тавзеҳи комёбиҳои ҳукумати ИМА дар заминаи ҳифзи тандурустӣ гуфт, “Маъмурияти ман назорати 90 дарсади захираи ҷаҳонии доруи “Ремдесивир”-ро таъмин кард”.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз созмонҳо ва мутахассисон кӯшишҳои инҳисории (монополӣ) ИМА-ро дар ин замина интиқод мекунанд. Ба назари онҳо, иқдоми инҳисорҷӯёнаи ИМА ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо коронавирусро заъиф мекунад. Доруи амрикоии “Ремдесивир” нахуст барои муолиҷаи гепатити С ва вирусҳои роҳҳои нафас сохта шудааст. Бино ба доҳаҳо, ин дору муддати шифоёбии беморонро то 4 рӯз коҳиш медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир ширкате, ки ин доруро истеҳсол мекунад, нархи як ампулаи доруро барои кишварҳои дар ҳоли рушд 390 доллар таъин кардааст. Нархи як марҳилаи муолиҷа бо “Ремдесивир” дар кулл 2340 доллар мебошад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ