Дар Қирғизистон 30-юми июл рӯзи мотам эълон карда шуд

Дар Қирғизистон 30-юми июл рӯзи мотам эълон карда шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Рӯзи 30-юми июли соли ҷорӣ дар Қирғизистон бо мақсади ёдбуди одамони аз коронавирус вафот карда рӯзи мотам эълон гардид. Дар ин бора Президенти мамлакат Соронбай Ҷенбеков дар интервюи ба «Радиои якум» додааш маълум кард. Дар Қирғизистон аз оғози пандемия 1249 нафар аз коронавирус вафот кард. Шумораи одамони мубталои коронавирус шуда ба 32124 нафар расид. Зиёда аз 19000 бемор аз коронавирус сиҳат гаштанд. Охирҳои моҳи июн дар Қирғизистон вазъияти эпидемиологӣ вазнин гашт. Он вақтҳо рӯзе дар 500-700 нафар вирус аниқ мегардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ