Пандемия ба иқтисоди кадом давлатҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад?

Аз баракати тадбирҳои дар ҷаҳон андешидашуда пас аз пандемияи коронавирус Германия эҳтимол рушд хоҳад кард, — менависад “The New York Times”.
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, Россия низ аз таконҳои ҷиддӣ дар канор хоҳад монд.
Инчунин рӯзнома нигоштааст, ки коронавирус раванди дар худ маҳдуд шудани иқтисодиёти миллиро суръат бахшид. Аксари кишварҳо қарзи давлатии худро зиёд намуданд, то ин ки рушди иқтисодиёти худро дастгирӣ намоянд.
Дар айни замон, сарфи назар аз бартарии технологӣ, ИМА ва Чин қарзҳои аз ҳад зиёд ҷамъ намудаанд ва амалкарди ҳукуматҳои онҳо дар шароити пандемия баҳсбарангез аст. Таҳлилгарон тахмин мекунанд, ки таъсири пандемия ба иқтисоди ин давлатҳо ҷиддӣ хоҳад буд.
Ветнам, ки коронавирусро ҳангоми оғози он таъҷилан манъ намуд, инчунин Федератсияи Россия, ки солҳои охир дар мубориза бо фишори молиявии хориҷӣ соҳибтаҷриба шудааст, метавонанд ба рушди иқтисодӣ умедвор бошанд.
«Тадбирҳои муҳофизатӣ (Россия – шарҳи идора) дар шароити фурӯпошии ҷаҳонишавӣ метавонанд гаронбаҳо бошанд», — гуфта мешавад дар мақола.
Аммо, рӯзнома Германияро ҳамчун ғолиби асосии иқтисодии пандемия номбар намуд, ки ҷиҳатҳои қавии худро зоҳир намуд ва аз баракати онҳо иқтисодиёти бузурги он метавонад умед ба рушд дошта бошад.
«Вокуниши он ба пандемия афзалиятҳои ин кишварро баръало нишон дод: ҳокимияти самаранок, сатҳи пасти қарздорӣ, иқтисоди дараҷаи аввал, ки эътибори олии он содироти ин кишварро дар шароити коҳиши тиҷорати ҷаҳонӣ ҳифз намуд ва инчнин имконоти азими он барои таъсиси ширкатҳои IT», — омадааст дар макола.
Рӯзноманигорон зикр кардаанд, ки Германия ба буҳрони вобаста ба хуруҷи коронавирус бо профисити буҷа ворид шуд ва тавонист иқтисодиёти худро ҳатто дар шароити чораҳои ҷоришудаи карантинӣ дастгирӣ намояд.
16 июл президенти Россия Владимир Путин чораҳои мубориза бо буҳрони вобаста ба коронавирусро дар Россия арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи вай, чунин иқдомот, аз қабили пардохтҳои мустақим ба оилаҳои фарзанддор, зиёд кардани кумакпулӣ барои бекорон, лағви пардохтҳои андоз, ҷойгиркунии фармоишҳои иловагӣ барои корхонаҳои соҳаҳои асосӣ ва як қатор чораҳои дигар «ҳадафрас буданд.»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ