ДОРУ: ОНРО ЧӢ ТАВР БОЯД ИСТИФОДА НАМОЕМ?

ДОРУ: ОНРО ЧӢ ТАВР БОЯД ИСТИФОДА НАМОЕМ?

Дар зиндагии рӯзмарраи худ, инсонҳо имрӯз мунтазам дар шакли қурс, сӯзандору, доруи обакӣ ва шира, дору масраф мекунанд.
Дору дар асл кори муҳимеро дар бадани мо анҷом медиҳад, аммо бисёриҳо «кори» дурусти доруро дар организм намедонанд. Дар баъзе маворид бисёре аз инсонҳо доруро бе машварати табиб истеъмол мекунанд ва ин низ хатари зиёд ба саломатии онҳо дорад.
Мутахассисон мегӯянд, ки истифодаи нодурусти дору ба муқовимати доруӣ боис мегардад ва оқибат дору ба инсон дигар таъсир намекунад ва одамӣ аз асоситарин силоҳаш алайҳи бемориҳои хатарнок маҳрум мегардад.
Фарқ кардани дору ҳам аз ғайри дору аҳамияти вежа дорад. Дору маводеро меноманд, ки фаъолият ва таъсири табобатӣ дорад. Ба таъбири дигар дору маводест, ки чизеро табобат ва шифо мебахшад. Таъсир ва таркиби табобатии ҳар дору ҳам ҳатман бояд собит шуда бошад.
Дар ин раванд бояд афзуданиҳои фаъоли биологиро (БАД) махсус қайд намуд. Ин маҳсул танҳо таъсири биоложӣ дорад ва чизеро табобат намекунад. Аммо таъсири дору ба организм куллан аз БАД-ҳо фарқ мекунад. Худи дору низ масраф ва таъсири гуногун дорад. Имрӯз дар тиб анвоъи гуногуни доруҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд ва ҳар кадом ба таври хос ба организм ворид карда мешавад. Тарзи ворид кардани дору ба организм, дар таъсири фаъолияти дору нақши калидӣ дорад. Бар фарз агар дору тавассути сӯзан рост ба раг ворид карда шавад, зудтар ба хун ворид мегардад ва ин таъсири аз ҳама зудтар дорад. Агар дору ба шакли қурс фурӯ бурда шавад таъсири он муддати тӯлонитар мехоҳад. Чун қурс аввал ба меъда ворид шуда, дар он ҳазм ва таҷзия мегардад. Сипас тавассути ҷараёни махсуси хунгард вориди ҷигар мешавад. Дар ҷигар боз вазъият тағйир меёбад ва баъзе аз доруҳо рост аз он убур мекунанд ва аммо баъзеи дигар дар он ҳазм шуда, дучори тағйироти мураккабе мегарданд.
Барои мисол, доруҳои бедардкунанда дар ҳолати истеъмоли дуруст, баъди чанд дақиқа таъсир мерасонанд. Дар баробари ин, боз доруҳое ҳам вуҷуд доранд, ки таъсири табобатиашон баъди чанд ҳафта шурӯъ мешавад. Ҳамин тариқ агар таъсири фаврии доруеро тақозо кунанд, онро тариқи сӯзандору ба раги хунгард ё ба мушак ворид мекунанд. Аммо дар баробари ин, қурсҳо аз бартарии дигаре бархӯрдоранд. Таъсири ин шакли дору тӯлонитар аст.
Гоҳ вақт як дору бо шаклҳои гуногун мавриди истифода қарор дода мешавад. Чаро, ки бемориҳо дар ҳолатҳои гуногун ҷараён меёбанд ва ҳар ҳолат шакли ҷудогонаи доруро тақозо мекунад. Барои мисол, агар ҳангоми ҷараёни музмини беморӣ бештар аз қурс истифода кунанд, ҳангоми ҳолатҳои шадид доруро ба бадан бояд бо сӯзан ворид кунанд.
Гурӯҳи доруҳо ҳам вуҷуд доранд, ки наметавонанд дар меъда ҳазм шаванд. Яке аз ин доруҳо инсулин ба шумор меравад. Ба ҳамин хотир ин дору ба шакли қурс истеҳсол намешавад ва беморони диабети қанд аз сӯзандоруи он истифода мекунанд.
Дар баъзе маворид дору метавонад таъсир нарасонад. Таъсир нарасонидани дору ба организм тибқи андешаи мутахассисон, чанд ҷанба дорад. Пеш аз ҳама бояд донист, ки ҳар дору нишондоди ҷиддии истифода ва аломати манъи худро дорад. Аломати манъ метавонад нисбӣ ва мутлақ бошад.
Ҷанбаи дуввум интихоби номуносиби дору мебошад. Барои намуна доруеро барои хомӯш кардани сардард масраф мекунанд ва он таъсир намерасонад. Имрӯз теъдоди зиёди доруи дарди сар вуҷуд дорад вале ҳар кадом ба навъе аз сардард таъсир мерасонад, бинобар ин интихоби доруи муносиб дар таъсири он нақши муҳим дорад.
Ҷанбаи дигар иштибоҳ дар миқдори доруст. Миқдори ҳар дору қатъӣ таъиншудаанд ва иштибоҳ дар миқдори онҳо ба нотамом мондани табобат оварда мерасонад.
Ҷанбаи баъдии таъсир накардани дору интизории худи мариз унвон шудааст. Барои мисол дарди сари оддиро мешавад дар зарфи чанд дақиқа табобат кард, илтиҳоби шуш дар зарфи чанд соат ё чанд рӯз табобат мешавад, аммо барои табобати бемории атеросклероз бемор бояд солҳо дору масраф кунад. Бемориҳои зиёди дигаре ҳам вуҷуд доранд, ки табобаташон муддати тӯлоиро тақозо мекунад. Ва ҳоло инсоният доруе ихтироъ накардааст, ки битавонад ҳамон атеросклерозро дар зарфи чанд рӯз табобат

кунад.
Сифати дору ҳам дар таъсири он нақши босазо дорад. Доруҳои мӯҳлаташон гузашта ё нодуруст нигаҳдоришуда, умдатан таъсир намекунанд ва шояд зарар ҳам ба бадан ворид намоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ