БА МАСЪАЛАҲОИ ҶАВОНОН ВА ЗАНОНУ ДУХТАРОН ЭЪТИБОР ПУРЗӮР МЕГАРДАД

БА МАСЪАЛАҲОИ ҶАВОНОН ВА ЗАНОНУ ДУХТАРОН ЭЪТИБОР ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Ба туфайли пандемия дар як қатор кишварҳои олам вазъият хеле ҷиддист. Ба ин нигоҳ накарда аз ҷониби роҳбари давлатамон ба масъалаи ҷавонон ва занону духтарон дар дараҷаи сиёсати давлатӣ эътибор дода мешавад.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки таҳти раёсати сарвари давлатамон 14 июл баргузор гардид, ба масъалаҳои таъмини шуғли ҷавонон ва занону духтарон, афзун сохтани  манбаи даромади онҳо эътибори алоҳида дода шуд.
Дар даврае, ки тамоми дунё аз карантини пурзӯршуда ба таҳлука афтодааст, аз ҷониби роҳбари давлат дастгирӣ ёфтани ҷавонон ва занону духтарон, эътибори алоҳида ба шуғл ва таъмини манбаи даромади онҳо мавриди эътирофи алоҳида аст.
Дар мамлакатамон аз бекорон 732 ҳазор нафараш ҷавонон бошанд, 834 ҳазор нафарашонро занону духтарон ташкил менамоянд. Бо мақсади самаранок ҳаллу фасл намудани масъалаҳои ҷавонон дар мамлакат 30 июн фармони Президент «Дар бораи чораҳои куллан ислоҳсозӣ ва ба давраи нав баровардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гашт. Мувофиқи ин фармон Агентии корҳои ҷавонон ташкил ёфт, ки дар пешбурди сиёсати ҷавонон ба назди идораҳои  давлатӣ масъала мегузорад ва ба ваколати зарурию захираҳои молиявӣ молик аст. 
Барои кор ба занону духтарон дар Вазорати дастгирии маҳалла ва оила сохтори вертикалӣ офарида шуд.
Роҳбари давлати мо аснои сафар ба вилояти Фарғона «Занонро ҳар қадар розӣ намоем, Офаридгор ба мо қувваю қудрат, ба диёрамон тинҷиву осудагӣ мебахшад» гӯён таъкид сохта буд. Албатта, ин аз он далолат медиҳад, ки ҳаллу фасли масъалаҳои ҷавонон ва занону духтарон яке аз вазифаҳои муҳиму  устувори рӯз аст.
Бо афсӯс қайд карда шуд, дар ҳудудҳо наздик 20 ҳазор бонувон дар шароити душвор ба сар бурда, аксарияташон дар ҳисоби профилактикӣ меистанд. Имрӯзҳо ба Вазорати дастгирии  маҳалла ва оила вазифа гузошта шуд, ки  барои ба ҳаёт ҳавасмандгардонӣ ва касбомӯзии 33 ҳазору 380 нафар занон курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ташкил намояд. Ҳамчунин дар доираи 2 миллион доллари Бонки ҷаҳонӣ баҳри таъмини 15 ҳазор нафар бонувон ба шуғл масъалаи тезонидани лоиҳаҳо дар маркази эътибори роҳбари давлати мо қарор гирифт. 
Дар мамлакатамон ба масъалаи баланд бардоштани иқтидори илмии ҷавонон эътибор пурзӯр мегардад. Имрӯзҳо аз ҷониби Вазорати рушди инноватсионӣ барои таъмини интегратсия байни илму фан ва истеҳсолот сохтори зарурӣ офарида шудааст. Ғоя ва лоиҳаҳои инноватсионии  муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва олимон дастгирӣ ёфта, 31-то лоиҳаи стартапӣ ба андозаи 28,2 миллиард сӯм бо маблағ таъмин карда шуд. Дар доираи ҳамкории байналхалқӣ имрӯзҳо бо шарикон дар Олмон, Русия ва Белорус 38 лоиҳаи муштарак татбиқ мегардад, ки 9,6 миллиард сӯм арзиш дорад. 
Мухтасар ифода намоем, ба шароити имрӯзаи пандемия нигоҳ накарда, аз ҷониби роҳбари давлати мо барои бо шуғлфарогирии аҳолӣ, аз ҷумла занону духтарон ва ҷавонон, рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани фаровонии оилаҳо шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Баҳри дар вақташ ва сифатнок ба иҷро расонидани супоришҳое, ки аз ҷониби роҳбари мамлакатамон гузошта мешаванд, бояд ҳамаамон аз як гиребон сар бароварда, ҳаракат кунем. Ҳамон вақт ба мақсадҳои бузург, ки назди худ гузоштаем, мерасем.

Қодир ҶӮРАЕВ, 
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, муовини раиси Кумитаи корҳои байналхалқӣ ва муносибатҳои байнипарлумонӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ