Донишҷӯёни ӯзбекистонӣ бо парвозҳои махсус аз се кишвари хориҷӣ ба ватан бармегарданд


Вазорати ҳамлу нақли кишвар рӯзи гузашта эълом кард, ки донишҷӯёни ӯзбекистонӣ аз Русия, Украина ва Миср бо парвозҳои махсус ба ватани худ бармегарданд.
Бар асоси дастури комиссияи махсуси ҷумҳурӣ, донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар нахустин даҳрӯзаи моҳи август аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Томск, Қазон, Ростов-Дон, Киев ва Қоҳира ба Ӯзбекистон бармегарданд. Ӯзбекистон бо Русия, Украина ва Миср амалӣ кардани ин парвозҳоро баррасӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки то ба имрӯз ҷавонони ӯзбекистонӣ бо парвозҳои махсус аз Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Томск, Минск ва Истамбул ба ватан баргаштанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ