Нахустин гирифтории эҳтимолии COVID-19 дар Кореяи Шимолӣ


Ҳукумати Кореяи Шимолӣ дар бораи шахсе, ки эҳтимолан нахустин гирифтори коронавирус дар кишвар аст, хабар дод.
Бино ба иттилои оҷонси телеграфи марказии Кореяи Шимолӣ, бемори эҳтимолӣ ба сурати ноқонунӣ вориди ин кишвар шудааст. Ӯ рӯзи 19 июл аз Кореяи Ҷанубӣ ба шаҳри марзии Кэсони Кореяи Шимолӣ гузашт. Тести ӯ натиқаи дақиқ надод. Дар ҳоли ҳозир “бемор” дар карантин аст ва касоне, ки бо ӯ мулоқот кардаанд, муайян мегарданд.
Ҳизби коргар, ки ҳизби ҳокими Кореяи Шимолӣ аст, бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳодиса ҷаласаи фавқулодда баргузор кард. Дар ин ҷаласа Ким Чен Ин, пешвои кишвар ниш иштирок кард.
Бар асоси омори (статистика) расмии Кореяи Шимолӣ, ҳанӯз нафаре дар ин кишвар мубталои коронавирус нашудааст. Аммо дар поёни моҳи март хабарҳое дар бораи ёрӣ пурсидани Кореяи Шимолӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо коронавирус паҳн шуда буд. Дар зимн, расонаҳои хабарии Кореяи Ҷанубӣ навишта буданд, ки ҳанӯз дар моҳи феврал дар Кореяи Шимолӣ гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ