Шумори гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон беш аз 16 миллион нафар шуд


Рӯзи гузашта шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 16 милиону 46 ҳазору 986 нафар расид. Дар ин бора донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси ИМА хабар медиҳад.
Бино ба додаҳо, аз оғози пандемия то ба имрӯз 644 ҳазору 528 нафар қурбони вирус шуданд. 9 миллиону 262 ҳазору 520 ҳазор нафар бемор шифо ёфтанд.
Аз рӯи шумори гирифторони коронавирус ИМА кишвари “пешрав”-и ҷаҳон аст. Дар айни ҳол шумори беморон дар ИМА беш аз 4 миллион нафар аст. Беш аз 146 нафар амрикоӣ қурбони коронавирус шуданд.
Ёдовар мешавем, ки донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс омори (статистика) федералии мубталоёни коронавирусро дар ИМА ҳисоб мекунад ва додаҳои дигар кишварҳоро низ меомӯзад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ