КӢ ВА БАРОИ ЧӢ ВАСИЛИЙ СТАЛИНРО ҚАТЛ КАРД?

Василий Сталинро баъди якуним моҳи вафоти падараш — 28 апрели соли 1953 ба ҳабс гирифтанд. Дар ҳуҷҷатҳое, ки баъди ним аср ошкор сохтанд, ягон сухан дар хусуси дастандаркорони ин амалиёт нест. Танҳо метавон тахмин зад, ки ин ташаббус аз тарафи собиқ ҳамсафони Сталин — Берия, Молотов, Маленков, Хрушев амалӣ гаштааст.

Воқеан ҳам дар ҳамин рӯзҳо Лаврентий Павлович бо пайроҳаи тахту ҳамвор ба сӯи тахт қадам мениҳод: вай кумитаи амнияти давлатиро бо милитсия як кард, артиши қувваҳои дохилиро ба худ тобеъ намуд, аз зери айнак – пенснеи тиллоӣ бо ғазаб ба рафиқони ҳамҳизбаш менигарист ва онҳо аз тарс дарақ – дарақ меларзиданд ва дар андешаи он буданд, ки бо кадом роҳ ин «рафиқи ҳизбии худиро» ба маҳбас тиқонанд. Эҳтимол, Берия (ва на танҳо ӯ) бим дошт, ки Василий Сталин метавонад ба курсии падараш нишинад? Албатта, на ба маънои рӯбаросташ (охир кӣ ба вай инро ҷоиз мебинад), аммо муҳаббати халқ ба доҳии ҷаҳон Сталин метавонист ба ин мусоидат намояд, агар Вася дар озодӣ бошад, хотираи мардум пайваста таваҷҷуҳи бузургро ба тарафи ӯ хоҳад кашид.
Чӣ тавр Василий Сталинро «аз байн бардоштанд»? Дар ин хусус ҳуҷҷатҳои расмӣ низ хомӯшанд. Вале хотираҳои охирин зани Василий – Мария Николаевна боқӣ мондаанд.
Писари Сталин аз эҳтимоли ҳабс шуданаш ба воситаи телефон аз рафиқонаш фаҳмид. Маълум нест, ки он лаҳзаҳо дар бораи чӣ меандешид, вале шояд як андеша дар сараш чарх зада бошад: «фурӯхтанд, қанчиқҳо!». Субҳ муштамзӯрон – чекистҳо омада гуфтанд: «Рафиқ генерал, мана ордер барои ҳабси шумо!».
Ҳамон рӯз генерал–лейтенант Василий Сталин ба синни 32 расид. Сарфармондеҳи неруҳои ҳарбии ҳавоии округи ҳарбии Маскав буд. Бисёр менӯшид. Ба варзишгарон ёрӣ мерасонд. Бо маъшуқаҳо мезист. Вале барои чунин сифатҳо ба зиндон намепартоянд ва ё эҳтимол барои писари Сталин буданаш ба маҳбас афтод!? Ба он гунаҳкор донистанд, ки гӯё амволи давлатиро тороҷ намудааст…
Истинтоқи Василий 9 майи соли 1953 оғоз ёфт. Ин кори масъулиятнок ба уҳдаи сардори қисми тафтишотии парвандаҳои махсусан муҳим генерал – лейтенант Влодзимерский ва муовини ӯ полковник Козлов вогузор гашт. Мазмуни парвандаи айбдорсозӣ, ки дар рафти 3 рӯзи пурсиш мураттаб ёфт, чунин буд: Василий Сталин дар вазифаи сарфармондеҳи неруҳои ҳарбии ҳавоии округи ҳарбии Маскав буданаш, ба талаву тороҷи моликияти давлатӣ ва ба сарфи ғайриқонунии маблағҳо роҳ дода, бо ин амал ба Давлати Шӯравӣ хисороти зиёди молиявӣ ворид кард».
Василий ин айбро бар дӯш нагирифт. Воқеан, шахсеро, ки ду моҳ пеш тамоми чизро доро буд, ба бод додани пули қисми ҳарбӣ гунаҳкор кардан мантиқ надошт. Вале Василий ба варзиш аз ҳад зиёд шавқ дошт ва ёрӣ расонданаш ба варзишгарон мумкин аз ҳисоби маблағи давлатӣ сурат мегирифт. «Дар давраи солҳои 1947 — 1949, — гуфтааст ҳангоми истинтоқ Василий, — дар округи ҳарбии мо қариб аз рӯи ҳамаи намудҳои варзиш дастаи устодон ташкил ёфта буд ва зиёда аз 300 нафарро дар бар мегирифт ва барои онҳо соле 5 миллион сӯм сарф мешуд. Бо иҷозати маршал Василевский, вазири мудофиаи СССР, чандин марказҳои варзишӣ сохта шуданд». Аммо маршалро ба Лубянка, маҳбасхона, даъват накарданд. Дар ёди варзишгарони баъдиҷангӣ бошад, Василий ҳамчун «ҷавонмарди асил» боқӣ монд. Зеро онҳоро бо хона, ҷойи кор, даромади хуб, унвонҳо таъмин мекард.
Тафтиш боз бисёр гуноҳҳои Василийро ошкор сохт: ба шикор бо тайёраи хизматии «Дуглас» мепарид, мошини давлатиро барои корҳои шахсиаш истифода мебурд, дар бӯстонсарояш саисхона ва ҳаммом сохт, аз Олмони мағлубшуда лоқу пари зиёде овард ва ғайраву ҳоказоҳо…

Тобистони соли 1953 «дӯстони ҳизбӣ» Лаврентий Берияро аз байн бардоштанд. Моҳи август шефи нави амнияти давлатӣ Круглов ба президиуми Комитети Марказии ҳизби коммунист хатчае ирсол намуд, ки дар он Василий Сталин барои 20 миллион рубл камомад карданаш, ҳамчунин барои туҳмат заданаш дар ҳақи роҳбарони имрӯзаи давлату ҳукумат ва ҳизб гунаҳкор дониста мешуд.
Василий Сталинро баъди гузаштани 2 сол – 2 сентябри соли 1955 гунаҳкор донистанд. Душвор аст гуфтани он ки ин танаффус аз барои чӣ буд. Шояд бо кадом як сабабҳои сиёсати дохилӣ бошад? Барои тарғибу ташв

иқи зиддишӯравӣ ва суистифода аз мансаби хизматӣ (ба бод додани 20 миллион рубл исботи худро наёфт) вай ба муҳлати 8 сол зиндонӣ шуд. Ду сол, то баромадани ҳукм, Василий дар Лефортов паси панҷара нишаст, ному насабаш дар ягон ҷо сабт нашуда буд, ӯро аз рӯи рақамаш ном мегирифтанд. Танҳо сардори маҳбас медонист, ки вай фарзанди Сталин аст. Баъди суд ӯро дар зиндони машҳури Владимирск, ки дар давраи шоҳигарии рус сохта буданд, ҷой намуданд. Дар ин ҷо Василий қариб 6 солро паси сар гузошт.
5 январи соли 1960 прокурори генералӣ Руденко ва сардори амнияти давлатӣ Шелепин боз ба Кремл коғазеро сиёҳ намуда, мефиристанд. Дар кишвар дигаргунии сиёсӣ шӯру шарар дошт, аз ин рӯ, нома низ дар ҳамин рӯҳия мураттаб ёфта буд: аз КМ хоҳиш дорем, ки барои рафтори намунавӣ ва бо сабаби бемориаш ба В. И. Сталин авфи шахсӣ эълон гардад; ба Шӯрои Маскав (Моссовет) супориш дода шавад, ки барои ӯ ҳуҷраи сехонагӣ ҷудо намояд, Вазорати мудофиаи СССР ба В. Сталин нафақа таъйин кунад ва барои 3 моҳ дар санатория муолиҷа гирифтан роҳхат диҳад ва ҳамаи дороии шахсии мусодирашудаашро баргардонад; барои зист 30 ҳазор рубл ёрии яквақта расонад. Бо қарори Президиуми КМ КПСС аз 8 январи соли 1960 пешниҳоди А. Шелепин ва Р. Руденко қабул шуд. Чунин ба назар мерасид, ки ҳама ӯро хуш омадӣ ба озодӣ, мегӯяд. Вале дар ин ҳангом чизе рӯй дод…
Дар ҳуҷҷатҳои ғайрисирришуда 12 саҳифа намерасад, ҳамонҳое, ки шояд санадҳои зери рақами 121-ро ташкил медоданд, онҳо то ҳол махфианд. Эҳтимол дар ҳамон варақҳо ҷавоби асрори он чизе, ки дар солҳои минбаъда бо Василий Сталин рух дод, ниҳон бошад.
Мутобиқи ҳуҷҷати дигар, аз 7 апрели соли 1961 Василий Сталин ба шаҳри Қазон ба муҳлати 5 сол бо ному насаби мустаор бадарға шуд. Ба вай дар кӯчаи Гагарин, 105 ҳуҷраи якхонагӣ доданд ва 150 рубл нафақа таъйин намуданд.
Адиб Николай Непомняший ва журналист Д. Лиханова дар очеркҳояшон оид ба ин қазия зикр намудаанд, ки Василий Сталинро аниқтараш моҳи марти соли 1961 ба Қазон оварданд. Аз вай ҳама чизро гирифтанд, ҳатто дӯстону кор ва ному насабашро. Дар Қазон ҳамагӣ як сол зист. Аз рӯи гуфтаи Мария Николаевна, завҷаи охирини Василий, Мария Нузберг ба Қазон омад ва ӯ барои нигоҳубини Василий парастор таъйин гашт. Маҳз баъди пайдо шудани Нузберг Василий ба бемории аҷоибе печид, ки касе чӣ буданашро намедонист. Вай аз ҳамин беморӣ бо азоби алим ин дунёи барояш номеҳрубонро падруд гуфт.
Завҷааш гуфтааст: «17 март Василийро ба куҷое бурданд, баъди ду рӯзаш писари Сталин дар синни 41 мурд. Аҷоибаш ҳамин ки нуҳ сол дар зиндонҳои Лефортов ва Владимир зиндаву солим монду ин марди пурқувват дар бадарғаи яксолаи Қазон ба таври ногаҳонӣ ва пурасрор худ ба худ «об» шуд».
Ва охирин далел. Вақте ки дар қабристони Арск тобутро барои видоъ кушоданд, Мария Николаевна Василийро нашинохт. Рухсораҳои ӯ аз зарбаҳои сахт варамида, кабудранг метофтанд, биниаш маҷақ шуда буд. Вай аз дил гузаронд: «Шояд лӯхтак бошад». Тобутро ба гӯр монданд. Ба болои хоктеппа лавҳаи фанерии сурхи ситорадор гузоштанд. Ба ҷои ному насаб рақамҳо сабт шуда буданду ба мусибатзадаҳо нигоҳи пурасрор доштанд. Ду сол баъд дӯстони марҳум дар паҳлуи қабр ёдгорие аз санги хоро бо акси Василий гузоштанд бо матни «Ба шахси беҳамто аз М. Ҷугашвили». Вале баъди чанд рӯзе касе ба сурати марҳум аз тапонча чанд тир задааст…
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ