Дар даври амали маҳдудиятҳои карантин ба чиҳо бояд эътибори ҷиддӣ дод?

Дар даври амали маҳдудиятҳои карантин ба чиҳо бояд эътибори ҷиддӣ дод?

  • Post category:Саломатӣ

Дар даври амали маҳдудиятҳои карантин ба масъалаҳои зерин бояд эътибори ҷиддӣ диҳем:

А) ба мақомот давлатӣ ва ташкилотҳо:

👉 дар ҳолати аз рӯйхат гузаронидани кормандон, бо ба инобат гирифтани ба ҷойи корӣ танҳо ҷалб кардани мутахассисони заруриро дар назар дошта, кормандони дигарро дар асоси тартиби муқаррарии қонунгузорӣ ба таътили меҳнатӣ баровардан, ё ки ташкили фосилавии кор ( онлайн);

👉 муваққатан боздоштани ба сафари хизматӣ фиристодани кормандон;

👉 танҳо ба тариқи онлайн ташкил кардани ҷамъомадҳо;

👉 ҳангоми дар байни кормандон аниқ гардидани ҳолати сирояти беморӣ, аз онҳо забар гирифтан, барои хариди воситаҳои доругӣ ва таҷҳизоти лозима, ки барои табобат заруранд, бо дарназардошти шароити корманд ҷудо кардани ёрии моддӣ;

Б) ба шаҳрвандон:

👉 нагузаронидани тӯй, маросимҳои оилавӣ ва дигар тадбирҳо;

👉 дар ҷойҳои ҷамоатӣ, кӯча, майдон ва маҳаллаҳо ҷамъ омадани на беш аз се нафар, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ (2 метр), истифода аз ниқобҳои тиббӣ ва воситаҳои шахсии муҳофизатӣ;

👉 ба солхӯрдагон ва шаҳрвандоне, ки гирифтори бемориҳои муайян (диабети қанд, синдромҳои метоболикӣ, бемориҳои аутримун, касалиҳои хун, дил, раг, бемориҳои онкологӣ ва ғайра) ҳастанд, бо дарназардошти таъсири пурзӯри бемории коронавирус, ба шахсоне, ки синнашон аз 65 боло аст, риояи қатъӣ ба тарзи ҳаёти «худякканамоӣ» ва бесабаб аз хона набаромадан тавсия карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ