Хави ба коронавирус мубтало гашт

Собиқ сардори клуби «Барселона», сармураббии клуби «Al-Sadd» Хави ба коронавирус мубтало гардид. Дар ин бора Хави дар саҳифаи сомонаи иҷтимоии худ маълум кард. «Ман имрӯз пеш аз оғози мавсим ба ҷамоа ҳамроҳ шуда наметавонам, маро Давид Платс иваз мекунад. Чанд рӯз пеш ба коронавирус тест супурдам. Натиҷаи он мусбат баромад. Баъди солим шуданам ба вазифаам бармегардам» гуфтааст Хави.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ