Дар Тоҷикистон 83%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд

Дар Тоҷикистон 83%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд

  • Post category:Ҷаҳон

Дируз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 26 июл ба 7192 нафар расид, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 5970 нафар ё худ 83%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 59 нафар фавтидаанд.
«Шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 64 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ