Вазир бо аҳолии маҳаллаи Деҳқонобод мулоқот намуд

Вазири дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Раҳмат Маматов дар маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд шуд. Маҳаллаи мазкур бо Ҷумҳурияти Тоҷикистон ҳамсарҳад буда, аз маркази ноҳия дар масофаи 65-70 километр дурӣ ҷой гирифтааст. Дар маҳалла 2460 нафар аҳолӣ истиқомат мекунад. Дар ҳудуд оилаҳои эҳтиёҷманд 15 — торо, оилаҳои сарпаноҳи худро гумкарда 11 — торо ташкил менамояд. Вазир аз рӯйи бартарафсозии норасоиҳои маҳалла ва фаъолияти масъулон супоришҳо дод. Дар ин бора хизмати ахбори Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи мамлакат хабар дод. Дар вохӯрӣ ба таҳлили чораву тадбирҳои кӯмак ба шуғли аҳолӣ, профилактикаи бо шаҳрвандони ҳуқуқвайронкарда бурдаистода, дастгирии оилаҳои мӯҳтоҷи ҳимояи иҷтимоӣ эътибори алоҳида дода шуд. Дар маҳалла имрӯзҳо сохтори алоқа дар ҳолати ғайриқаноатбахш мебошад. Ба роҳбарони ташкилотҳои дахлдор аз рӯйи ҳалли муаммоҳо супориш дода шуд. Аз сабаби хунукназарона муносибат намудан дар иҷрои вазифа ҷонишини раиси маҳалла аз рӯйи масъалаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ободонӣ А. Бегатов аз вазифааш сабукдӯш гардид. Ба раиси маҳалла М.Холмирзоев ва ҷонишини ӯ аз рӯйи масъалаҳои ҳуқуқу тарғибот С.Ҳошимов корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд. Онҳо бояд аз сохтори кӯҳна даст кашида, бо ғояи нав ва ташаббус фаъолият баранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ