«Ден рождения гӯянд, дилам зиррос мезанад…»

Аз ин 60-70 сол пеш мардуми мо қариб, ки зодрӯзи худро қайд намекарданд. Ҳатто баъзеҳо чӣ будани ин анъанаро намедонистанд. Як қисми калонсолон на танҳо санаи зоида шудани худ, ҳатто соли таваллудашонро бо хотир оварда наметавонистанд. Масалан, мегуфтанд, ки аз рӯйи нақли модарам ё падарам ман вақти гули зардолу (токгӯркунӣ, барфи аввалин ва ғайра) ба дунё омадаам. Баъдтар, ки фаъолияти идораҳои давлатӣ беҳтар гашт, ба ҳар кӯдаки таваллудшуда додани шаҳодатнома ҳатмӣ гардид. Дар ин ҳуҷҷати аввалини расмӣ ҳамаи маълумотҳои зарурӣ сабт карда мешуд ва одамон рӯзи таваллуди худро аниқ медонистагӣ шуданд.
Бо гузашти солҳо анъанаи ҷашни зодрӯз оҳиста-­оҳиста маъмул гардид. Мардум ба якдигар тақлид карда, онро васеътару пуршукӯҳтар қайд мекардагӣ шуданд. Ҳоло он ба маъракаи калоне табдил ёфтааст. Зеро як қисм одамон дар зодрӯзи худ ё фарзандон мучалтӯй медиҳанд. Солҳои охир ин кор ба дараҷае расидааст, ки баъзеҳо қайди зодрӯзи падару модарони раҳматии худро низ мегузаронанд.
Қайди зодрӯзҳо ҳам мисли тӯю маросими азо ба мо ҳамчун бемории инфексионӣ сироят кардааст. «Ман аз фалонӣ кам не» барин андешаҳои беасосу бемантиқ тамоми тору пуди моро фаро гирифтааст. Худамон бехабар ба мусобиқаи худнамоишдиҳӣ, дабдабаҳои бефоида, исроф­корӣ ва ғайра побанд шуда мондаем. Албатта, ҳамаи инҳо ба буҷети оилавии мо бетаъсир намемонанд.
Дар бораи ҷашнгирии зодрӯз ҳар кас ҳар хел ақида дорад. Вале тарафдори ашаддии он бачаҳо мебошанд.
Азиз, 10-сола, аз маҳаллаи Ӯрташиқи ноҳияи Самарқанд:
– Ман гузаронидани ден рожденияамро нағз мебинам. Дар ин рӯз ба ман хешу табор, падару модарам ҳар хел тӯҳфаҳо мебахшанд. Ҳамсинфонамро ба хона ҷеғ мезанам. Вале баъзеҳояшон бепадарка меоянд ва ё дар рӯзи таваллудашон маро ҷеғ намезананд. Ин кори онҳо ба ман сахт алам мекунад. Ман ба ден рожденияам ҷеғ занам, онҳо ҳам даъват карданашон даркор-­дия!
Ш.МАЪРУФОВ, нафақахӯри маҳаллаи Чилқудуқи шаҳри Самарқанд:
– Ҷашни рӯзҳои таваллудро нағз намебинам. Ин одат дар байни мардуми мо асосан дар давраи совет паҳн шудааст ва ҳоло давом мекунад. Ман шахсан ден рожденияамро гузаронидан нахоҳам, ки хешу табор барои табрик меоянд. Ин хел рӯзҳо бенӯшокиҳо намешавад. Баъзан дар натиҷаи нӯшонӯшҳ ҷанҷолу дилсиёҳиҳо ҳам мешаванд.
Ф.РУСТАМОВ, духтури таваллудгоҳи рақами 2-и шаҳр:
– Ман худам гузарондани рӯзи таваллудамро бад мебинам. Гузаронам, ки асосан бо 4-5 одамҳои ба дил наздик мегузаронам. Санаҳои яклухт бошад, гапи дигар. Ба рӯзҳои таваллуди хешу табор ва ёру дӯстон маҷбур меравам. Ба ҷойи тӯҳфа харидан пул медиҳам. Он дар оила ба ҳар кас даркор аст.
Ҳикматиллобобо, аз маҳаллаи Ширинободи ноҳияи Самарқанд:
– Ҷашнгирии зодрӯзро ҳеҷ кас ҳамчун анъана қабул накардааст. Мо доимо мехоҳем, ки рӯзҳои хурсандиамонро бо ёру дӯстон бо ҳам бинем. Яке аз чунин баҳонаҳо рӯзи таваллуд мебошад. Дар он ҳама дар як вақт биёянд, шинанд, чақ-­чақ кунанд, нағз аст. Вале баъзеҳо пешу қафо меоянд. Ин ба ақлу фаросати худи ҳамон одамон вобаста аст. Агар соати 5 хабар кунед, ҳама бояд дар ҳамон соат биёянд.
Ҳама вазифадор нест, ки зодрӯзашро гузаронад. Пештар санаҳои калон – 50-60-солагиро қайд мекарданд. Баъзеҳо ҳар сол мегузаронанд. Ба гузарондани зодрӯзҳо бештар занҳо тарафдоранд. Онҳо ден рожденияҳои бачаҳо, набераҳоро гузаронданро дӯст медоранд. Баъзеҳо зодрӯзи кӯдакони яксоларо мегузаронанд, ки худи бача намедонад. Ин хел корҳо аз ҳаёти сериву пурии мо бошад даркор. Ҳоло мардуми доро дар ресторанҳо ботантана ҷашн мегиранд, нодорҳо аз рӯйи имкон мегузаронанд. Одам рӯзи таваллудашро қайд накунад ҳам, ҳеҷ гап не.
Наварӯс (ному фамилияашро гуфтан нахост):
– Қайд кардани зодрӯз, яъне ден рождения як маъракаи хуб аст. Бо ҳамин баҳона хешу табор, ёру ошно ва дугонаҳо якдигарро мебинанд, аз ҳолу аҳвол ва зиндагонии якдигар воқиф мешаванд. Ба туфайли рафту омад ба зодрӯзи якдигар меҳру оқибати байни одамон мустаҳкам мегардад. Вале мо онро бетартиб ё бефаросатона мегузаронем. Рости гап, ден рождения гӯянд, дилам зиррос мезанад. Ҳатто аз қайди зодрӯзи худ безор шудаам. Оилаи мо калон. Ба ғайр аз падару модари шавҳарам боз додарарӯсу хоҳарарӯсҳо дорам. Ҳа

р сол зодрӯзи онҳо ва бачаҳоро қайд кардан даркор. Як рӯз пеш тайёрӣ мебинед, самбӯсаву пирог мепазаед. Ҳар хел салатҳо тайёр мекунед. Саҳарӣ хеста, нахӯдшӯрбо ё ягон хел таоми дигар меандозед. Ба пухтани палав тайёрӣ мебинед. Ден рожденияҳоро асосан пешин ё бегоҳ гузарониданӣ бошед, ки баъзеҳо соати 6-7-и пагоҳӣ меоянд. «Ба кор рафта истода, як табрик карда гузарам» мегӯянд. Меҳмон-­дия, ба пешашон дастархон накунед, айб. Аз рӯйи будаш чорта гӯшту картошкаро бирён карда мебароред. Ин ҳам ҳеҷ гап не. Вале як хелҳо соатҳои дувоздаҳи шаб, баъди ғундоштани дастархон меоянд. Ба онҳо фарқе надорад. Хӯрда рафтанашонро медонанд ва ҳеҷ чиз гуфта ҳам намешавад. Аммо боз келини бечора ба боло мемонаду обу ош мекунад. Давутоз, кашон-­кашон, ғундор-­ғундор, шустушӯ ончунон дар ин хел рӯзҳо бисёр мешавад, ки мондан гиред. Ҳамаи корҳоро саранҷом мекунед, ки шаб аз нисф гузаштааст. Аз хастагӣ дасту поятон зирққосзанон дард мекунад. Дар ин хел вақтҳо ден рожденияи худатон бошад, ки аз зоида шуданатон садҳо пушаймон мешавед…
Н.АЛИЕВА, нафақахӯр, сокини маҳаллаи Қавчинони ноҳияи Самарқанд:
– Э ин ден рожденибозии бачаҳо ба замин! Имрӯз зодрӯзи инаш, пагоҳ аз они ваяш. Ношук­рӣ нашавад, хешу табор ҳам бисёру набераву абераҳо ҳам. Наравед намешавад. Агар мабодо нарафта монед, соли дароз гила мекунанд. Набераҳо хафа мешаванд. Баъзеҳояшон пешакӣ таъин мекунанд. Ҳатто гаштаву баргашта мегӯянд, ки мабодо аз ёдам набарояд. Маҷбур, якта торту ягон хел тӯҳфа гирифта меравам. Пагоҳ ҳам зодрӯзи як набераам. Барои рафтан тайёрӣ диданам даркор. Падаркааш ҳеҷ гап не, вале барои мо пирҳо рафту омад душвор. Ду-­се соат шишта, дилёбӣ кардан ҳам акнун барои мо вазнинӣ мекунад.
«Ба одаме, ки бори аввал рӯзи таваллудро қайд кардааст, чӣ бояд кард? Ӯро куштан кам аст. Зодрӯзҳо то як муддат хуб аст. Вақте ки фарзандони ту ба воя мерасанд, ин санаҳои тантанавӣ ба байрақҳои завқовари канори роҳ монанд аст, аз назди онҳо давида пеш меравӣ. Аммо пагоҳ ту пай мебарӣ, ки ба дастаи байрақ кадом як бадбахтие рӯй дордааст – онҳо шакли худро дигар кардаанд. Ҳа, онҳо ба сутунҳои роҳ табдил ёфтаанд. Акнун бо онҳо бурди худро не, балки бахти худро ҳисоб мекунӣ. Аз ҳамин вақт сар карда, фаромӯш кардан беҳтар аст, ки ту як вақтҳо рӯзҳои таваллудатро ботантана қайд мекардӣ.»

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ