Дар охири ҳафта дар Ӯзбекистон ҳарорати ҳаво паст шуда, дар баъзе ҷойҳо борон меборад

Дар охири ҳафта дар Ӯзбекистон ҳарорати ҳаво паст шуда, дар баъзе ҷойҳо борон меборад

Аз 27 то 29-уми июл ҳудуди мамлакат дар таъсири ҳаракати мавҷи ғарбии атмосфера мешавад. Дар натиҷа, дар мамлакат обу ҳавои миёнаи гарм ва дар қисми зиёд ҳавои хушк шуданаш дар назар аст. Дар ин бора Маркази хизмати гидрометерология хабар дод. Танҳо дар ҳудудҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии мамлакат, рӯзи сешанбе бошад, дар баъзе ҳудудҳои ҳамвори Водии Фарғона борони кӯтоҳмуддат бориданаш, раъду барқ шуданаш мумкин. Ҳарорат 35-38 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 40 дараҷа гарм мешавад. 31-уми июл дар баъзе ҷойҳои вилоятҳо, рӯзҳои 1-2-юми август дар ҳудудҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии мамлакат борони кӯтоҳмуддат бориданаш дар назар аст. Ин рӯзҳо обу ҳаво 33-36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ