Дар Ветнам шакли нави коронавирус аниқ гардид

Дар Ветнам шакли нави коронавирус аниқ гардид

Дар шаҳри Дананги Ветнам штамми нави то ҳол номаълуми коронавирус аниқ гардид. Дар ин бора Кумитаи миллии Ветнам аз рӯйи профилактика ва назорати COVID-19 маълум кард. Аз 5 ҳолати дар рӯзи якшанба аниқгашта 4-тоаш бо 3 шифохонаи Дананг вобаста аст. Ин муассисаҳои тиббӣ — шифохонаи Дананг, шифохонаи С Дананг ва шифохонаи реабилитатсияи ҷисмонӣ. Ҳамаи онҳо имрӯзҳо ба карантин баста шудааст. Мутахассисон барои пешгирии паҳншавии беморӣ таклифи ба карантини 14-рӯза гирифтани одамони аз шифохона баромадаро дода истодаанд. Ҳангоми санҷиши штамми нави коронавирус боз ҳам таҷовузкор будани он аниқ шудааст. Барои роҳ надодан ба паҳншавии вирус мутахассисони пуртаҷрибаро ба Дананг фиристонданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ