Сиёҳдона


Сиёҳдона растании яксола буда, то 70 см қад мекашад. Дарозии баргаш 2-3 см гулаш майда, нилгун, сершаҳд, моҳҳои май-июн шукуфта тухм мебандад. Сиёҳдона ба тамоми дардҳо шифост. Ҷолинус гуфтааст: «Манфиати сиёҳдона бисёр аст. Бодҳоро меронад, кирми меъдаро мекушад ва оби дар чашм пайдошударо нафъ мебахшад. Соида ба пешонӣ банданд, дарди сарро бозмедорад ва ё чун сурма дар чашм кашанд, сурхии онро дур месозад. Ва агар ба сирко омехта банданд, обиларо қатъ мекунад, хоришро таскин медиҳад ва варамҳои балғамиро мегардонад ва агар бихӯранд, пешоб ва ширро меронад».
Равғани он инсонро ҷавон нигоҳ медорад, расидани риш ва муйи сарро метезонад, заҳрҳоро мекашад ва қувват медиҳад.
Шайх Муҳиддин гуфтааст: «Яке аз мансабдорон ба бемории ҷузом(махав) мубтало шуд ва табибон аз давои он оҷизӣ кашида, дарди ӯро табобатнашаванда гуфтанд. Марде аз аҳли ҳадис , ки имони қавӣ дошт, сухани табибонро рад карда, барои исботи қавли худ ҳадиси Пайғамбар с.а.в -ро, ки «сиёҳдона ба тамоми дардҳо шифост» -гуфтаанд, далел овард. Пас ӯ аз сиёҳдона ва асал доруе тайёр кард ва он беморро муолиҷа намуд.
Дар «Тибби набавӣ» низ омадааст, ки сиёҳдона бо нон бодҳоро меронад, дарди нимсара ва шикамравиро бозмедорад, каҷ шудани рӯй, сактаи дил, гаронхобӣ, фаромӯшхотирӣ, гардиши сар ва сиёҳ задани пеши чашмро нафъ мебахшад».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ