Раисҷумҳури Индонезия барои қурбонӣ барзагови 856-килоӣ ҳадя кард


Ҷоко Видодо, раисҷумҳури Индонезия ба ҳокимияти вилояти Ачехи кишвараш барзагови 856-килоиро барои қурбонӣ дар Иди Азҳо (Иди Қурбон) ҳадя кард. Дар ин бора Antara хабар додааст.
Нархи ин барзагов 85 миллион рупия (5,8 ҳазор доллар) арзёбӣ шудааст. Гӯшти барзагов дар миёни сокинони минтақа тақсим мегардад.
Муҷрии ҳокими вилояти Ачех гуфтааст, ки соли ҷорӣ шаҳри Субулуссалом ҳамчун дарёфткунандаи барзагови қурбонии раисҷумҳури Индонезия интихоб шуд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ