Мушовири Трамп мубталои COVID-19 шуд

Мушовири Трамп мубталои COVID-19 шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Роберт О’Брайен, мушовири масъалаҳои амниятии Доналд Трамп мубталои коронавирус шуд. Дар ин бора хабаргузории Politico гузориш дод.
Хабаргузориҳо Reuters, Blooomberg ва шабакаи телевизионии CNN низ ин хабарро тасдиқ кардаанд.
Гуфта мешавад, ки О’Брайен шакли сабуки COVID-19 шудааст ва ҳоло вазифаи худро бу сурати фосилавӣ дар хонаи худ анҷом медиҳад.
Бино ба хабари CNN, О’Брайен чанде пеш аз сафари Аврупо баргашта буд. Ӯ дар ин сафар дар Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва Италия бо мақомони маҳаллӣ мулоқот кардааст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ