Эътирофи муъовини сарвазир: Дар Ӯзбекистон зотулҷамъ авҷ мегирад

Эътирофи муъовини сарвазир: Дар Ӯзбекистон зотулҷамъ авҷ мегирад


Беҳзод Мусаев, муъовини сарвазири кишвар дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон 24” гуфт, “Дар Ӯзбекистон ба ғайр аз коронавирус бемории зотулҷамъ низ бо суръати баланд паҳн мешавад. Дар шаҳри Тошканд дар оғози моҳи июн 3 нафар бемори зотулҷамъ ба бемористон муроҷиат карданд ва ҳоло шумори онҳо беш аз 500 нафар аст”.
Мусаев афзуд, “Пешбинӣ шуда буд, ки бо расидани гармо паҳншавии вирус заъиф мегардад. Аммо мебинед, ки бо вуҷуди гармо паҳншавии беморӣ дар авҷ аст. Дар оғоз беморӣ дар шаҳрвандоне, ки аз хориҷа бармегаштанд, мушаххас мешуд, шӯрбахтона, ҳоло сарчашмаи асосии вирус дар миёни аҳолӣ аст. 70-80 дарсади беморӣ дар миёни аҳолӣ мушаххас мешавад”.
Ба гуфтаи муъовини сарвазир, дар ҳоли ҳозир дар кишвар муроҷиат ба хадамоти ёрии таъҷилӣ 2,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ