Ҷонишини вазири Молия Ёрқин Турсунов аз дунё гузашт


Мувофиқи маълумот, Ё. Турсунов бемории коронавирусро ба худ сироят карда, аз ин олам чашм пӯшид. Ӯ соли 1965 дар ноҳияи Хатирчии вилояти Самарқанд таваллуд шудааст. Соли 1990 донишкадаи хоҷагии халқи Тошкандро тамом кардааст. Мутахассисаш молиявӣ.
Фаъолияти кориашро соли 1990 дар ҳокимияти шаҳри Каттақӯргони вил. Самарқанд дар вазифаи молиячӣ сар кардааст. Солҳои 1993 то 2002 дар онҷо дар вазифаҳои ҷонишини мудири шӯъбаи молия, Сардори инспексияи буҷавӣ ва сонитар мудири шӯъба шуда кор бурдааст.
Солҳои 2002 то 2006 дар ҳокимияти вилояти Навоӣ дар вазифаи Сардори Садорати молияи ҳокимияти вилояти Навоӣ кор кард.
Солҳои 2012 -2016 ҷонишини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазифаи Сардори хизмати таъминоти молиявӣ ва иҷтимоӣ.
Ёрқин Турсунов моҳи марти соли 2018 дар лавозими директори иҷроияи хазинаи Пенсияи ғайрибуҷавии назди вазорати Молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин гардид.
Аз моҳи марти соли 2019 боз ба лавозими ҷонишини вазири Молия таъин гашта буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ