Оё Александр Лукашенко гирифтори коронавирус гардид?

Оё Александр Лукашенко гирифтори коронавирус гардид?

  • Post category:Ҷаҳон

Александр Лукашенко зимни боздидаш аз як қисми низомии Вазорати умури дохилаи ин кишвар, дар ҳузури низомиён гуфт, ки маризии коронавирусро аллакай паси сар кард, хабар медиҳад Sputnik Белорусия.
Раисҷумҳур изҳор доштааст, ки маризии ӯ бидуни ягон аломат гузашт ва ӯ на табобат ва на бистарӣ буд.

«Дар рӯбарӯи шумо нафаре қарор дорад, ки ин маризиро бе ягон аломат паси сар кард. Пизишкон муайян намуданд, ки ман низ мубталои ин дард шудам, аммо маро зуд вирус раҳо кард», — афзудааст Лукашенко.
Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 97 дарсади шаҳрвандони ин кишвар маризии коронавирусро ба мисли ӯ бидуни мушкилӣ паси сар намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ