Ҳукумати ИМА мехоҳад бори дигар ба аҳолӣ ёрии якбора диҳад

Ҳукумати ИМА мехоҳад бори дигар ба аҳолӣ ёрии якбора диҳад

  • Post category:Ҷаҳон


Ҳукумати Иёлати муттаҳидаи Амрико барои пуштибонӣ аз иқтисод дар вазъияти имрӯза лоиҳаи ёрии якбораи 1 триллион доллариро омода кард. Як қисми ин маблағ дар миёни аҳолӣ ба ҳар нафар 1 200 долларӣ тақсим хоҳад шуд. Дар ин бора Стивен Мнучин, вазири молияи ИМА хабар дод.
Ба назари ҳукумат ёрии мустақими якбора беҳтар аз коҳиш додани андозҳо ва додани имтиёзҳои гуногун мебошад.
Гуфта мешавад, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА ин лоиҳаро пуштибонӣ кардааст ва лоиҳа ба Конгресс тақдим шудааст.
Ҳукумати ИМА дар даври пандемия барои пуштибонии мардум тақрибан 3 триллион доллар ихтисос дод. Қаблан низ ҳукумат ба шаҳрвандон ёрии нақдии 1 200 долларӣ дода буд.
Ёдовар мешавем, ки то ҳол дар ИМА беш аз 4 миллион нафар мубталои коронавирус шудаанд. Шумори қурбониёни вирус беш аз 150 ҳазор нафар раст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ