Алоқаҳои байни Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО дар чӣ сатҳ аст?

Алоқаҳои байни Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО дар чӣ сатҳ аст?

ЮНЕСКО — созмони махсуси СММ оид ба масъалаҳои таълим, илм ва фарҳанг мебошад. Ӯзбекистон соли 1993 узви ин созмон шуд. Бояд қайд кард, ки кишвари мо ба ҳамкорӣ бо ин созмон аҳамияти калон медиҳад. Ҳамкориҳои фаъол дар доираи созишномаи ҳамкорӣ, ки Нақшаи барномавии амалро барои Ӯзбекистон ба солҳои 2018-2021 фаро гирифта, ҳангоми сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба қароргоҳи ЮНЕСКО моҳи октябри соли 2018 ба имзо расидааст, сурат мегирад.
Дар тӯли давраи гузашта алоқаҳои байни Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО, хусусан дар соҳаи фарҳанг фаъолона рушд ёфтанд. Аз ҷумла, бо ин созмон дар соҳаи ҳифзи мероси ғании фарҳангии кишварамон ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.
Дар ЮНЕСКО се рӯйхати мероси фарҳангии байналмилалӣ созмон дода шудааст, ки доимо таҷдид карда мешаванд. Якум — рӯйхати объектҳои Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад. Ба он 4 маҷмӯи меъмории Ӯзбекистон – Ичанқалъа дар Хива, Бухоро, марказҳои таърихии Шахрисабз дохил мешаванд.
Дуюм – Рӯйхати намояндагии мероси ғайримоддии фарҳангии башари ЮНЕСКО мебошад. Ба ин рӯйхат 8 объекти мероси ғайримоддии фарҳангии кишвари мо дохил мешавад: Фазои фарҳангии Бойсун, Шашмақом, Катта ашула, Аския (санъати базлагӯён), Наврӯз, Фарҳанг ва анъанаҳои марбут ба палав, Маркази рушди ҳунарҳои Марғилон: нигоҳ доштани технологияи анъанавии тайёр кардани атлас ва адрас, рақси хоразмии — Лазгӣ дохил шудаанд.
Сеюм — Рӯйхати байналмилалии ЮНЕСКО «Хотираи ҷаҳонӣ» мебошад. Ин рӯйхат феҳристи ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошад. Ба он  3 ёдгории таърихӣ — Қуръони Усмон, маҷмӯи дастнависҳои Институти шарқшиносии АИҶӮ ва девонхонаи хонигарии Хива, ки дар бойгонии Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешаванд, дохил мешаванд.
Албатта, ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид намудани объектҳои мероси миллӣ барои кишварамон аҳамияти бузург дорад ва ба шинохти мероси бойи таърихии мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон  муҳофизати ин иншоотҳо минбаъд ба рушди васеъмиқёси сайёҳии байналхалқӣ дар мамлакати мо такон хоҳад бахшид.
Ҳамзамон бо таассуф бояд эътироф кард, ки як қатор объектҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангии халқи Ӯзбекистон то ҳол ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил карда нашудаанд.
Мақбараи Шайх Мухтор Валӣ, қасрҳои Хоразми қадим дар биёбон, шаҳри Ҳазорасп, манора ва мақбараи «Чашмаи Аюб» дар Вобкент, маҷмӯи меъмории «Чор Бакр», шаҳри Варахша, маҷмӯи Баҳоуддин Нақшбанд, корвон-саройи  Работи Малик, мавзолеи Мирсаид Баҳром, петроглифҳои Сийпантош, сарбанди Хонбандӣ, ёдгории хаттии Сармишсой, Зараутсой, обанбори Абдуллохон бандӣ, кӯҳҳои Ҳисор, шаҳрҳои Бойсун, Тирмиз, мавзолеи Оқ Остонабобо, кӯҳҳои Зомин,  шаҳрҳои Шохрухия, Қанқатепа, Пойкент, Попи қадима, Ахсикент, марказҳои таърихии шаҳри Қӯқанд, ёдгориҳои Фарғона, Шоҳимардон, Андиҷон ва як қатор иншооти дигар метавонанд барои дохил шудан ба рӯйхати объектҳои Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО даъво кунанд.
Унсурҳои ҷудонопазири арзишҳо ва анъанаҳои халқи Ӯзбекистон – санъати бахшӣ, дорбозӣ, дӯппидӯзӣ, мактаби кулолӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ, анъанаҳои тайёркунӣ ва рубобнавозӣ, бозиҳои халқӣ шоистаи ба Рӯйхати намояндаи мероси ғайримоддии фарҳангии башарияти ЮНЕСКО дохил шудан мебошанд.
Ба Рӯйхати байналмилалии ЮНЕСКО «Хотираи ҷаҳонӣ» метавон объектҳое, мисли  «Қушбегии аморати Бухоро», «Хонигарии Қӯқанд», ки дар бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешавад ва як қатор объектҳои дигаре, ки дар музей ва бойгонии мамлакати мо мавҷуданд, ворид кард. Хабар дода мешавад, ки дар айни ҳол бо баъзе сабабҳо татбиқи барномаҳои байналмилалии ЮНЕСКО боздошта шудааст. Аммо дар оянда идома додани ин кор мувофиқи мақсад хоҳад буд.
Дар банди 223 фасли 4 «Самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи иҷтимоӣ»-и Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли рушди илм, маориф ва иқтисодиёти рақамӣ», ки бо фармони Президент аз 2 марти соли 2020 тасдиқ шудааст, вазифаҳо оид ба омодасозии пешниҳодҳо оид ба ворид намудани объектҳои мероси фарҳангии кишвари мо, ки дар фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд, ба рӯйхат

и Мероси ҷаҳонӣ, мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният ва Рӯйхати байналмилалии «Хотираи ҷаҳонӣ»-и ЮНЕСКО, инчунин тавсеаи ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт гузошта шудаанд. 
Иҷрои ин банди барнома ба зиммаи Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ, Академияи бадеӣ, Академияи илмҳо, Агентии “Ӯзархив”, Вазорати молия вогузор шудааст. Ин сохторҳо корҳои муайянеро иҷро менамоянд.
Аммо вазифаҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро мешаванд, гуфтан  наметавонем. Вазоратҳо ва идораҳои масъул ба чунин масъалаҳо, ба монанди тартиб додани рӯйхати мақсадноки объектҳо, ки барои дохил кардан ба Рӯйхати намояндагии ЮНЕСКО то соли 2030 тавсия дода шудаанд ва муайян кардани манбаи маблағгузорӣ барои татбиқи он, баргузор намудани гуфтушунид бо коршиносони ЮНЕСКО ва ИКОМОС, ҷалби коршиносони байналмилалӣ барои муҳокимаи объектҳои ба рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳодшуда барои мувофиқати онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ба таври зарурӣ аҳамият намедиҳанд. 
Қариб ҳафт моҳи сол гузашт, аммо то ҳол дар ин самт коре анҷом дода нашудааст. Дар чунин вазъ вазифаҳои дар Барномаи давлатӣ пешбинишуда иҷро намешаванд. Вазоратҳо бояд масъулияти бузурги ба зиммаашон гузошташударо дарк кунанд ва бо ҳалли ин масъала ҷиддӣ машғул шаванд.
Ҳоло Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис омодагӣ дорад, ки дархости парлумониро ба вазири фарҳанг оид ба иҷрои ин банди Барномаи давлатӣ ирсол кунад.

Қодир ҶӮРАЕВ, депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои байналхалқӣ ва муносибатҳои байнипарлумонӣ ва алоқаҳои парлумонӣ. ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ