Қарзи хориҷии Тоҷикистон чанд сӯмро ташкил мекунад?

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли равон ба 3 миллиарду 96 миллион доллар баробар шудааст, ки 36,1% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил мекунад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рақамро дар нишасти матбуотии ниҳодаш эълон карда, афзуд, қарзи хориҷӣ ба ҳолати 1 январи соли равон 1 миллиарду 925 миллион долларро ташкил мекард ва бо ҷалби қарзҳои ҷадиду пардохти қарзи асосиву фоизҳо, инчунин фарқияти қарби асъор ба 3 миллиарду 96 миллион доллар расидааст.
Дар ин миён қарзи асосӣ 76,52 миллион доллар баргардонида шуда, фоизҳо 38,34 миллион пардохт шуданд. Фарқияти қурби асъор ҳам 13, 41 миллион долларро ташкил дод. Дар умум, қарзи хориҷӣ ба таври муътадил ва бидуни мушкил аз сӯи Тоҷикистон адо мешавад, хабар медиҳад манбаъ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ