Эрон дар давоми машқҳои ҳарбӣ ракетаи баллистикиро ҳам озмоид

Ҳарбиёни Эрон вақти машқҳои ҳарбӣ аз зери замин ракетаи баллистикиро парронданд. Дар ин бора Оҷонсии Tasnim хабар паҳн кард. Корпуси посбонҳои инқилоби Эрон, ки як қисми Қувваҳои Мусаллаҳи Эрон ҳисобида мешавад, ба зинаи охирини машқҳои ҳарбӣ-хонишии ҳудуди Халиҷи Форс пардохтанд. Дар машқҳо Қувваҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва аэрокосмикӣ иштирок доранд. Оҷонсӣ хабар медиҳад, ки ҳарбиёни эронӣ дар рӯзи дуюми машқҳо парвози ракетаи баллистикии дар зери замин ҷойгиршударо бомуваффақият амалӣ гардонданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ