Фармоиши ҳукумат — ба оилаҳои эҳтиёҷманд 150 миллиард сӯм тақсим карда мешавад

Фармоиши ҳукумат — ба оилаҳои эҳтиёҷманд 150 миллиард сӯм тақсим карда мешавад

Девони Вазирон бо мақсади дастгирии пайвастаи қисми ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷи аҳолӣ дар даври пандемия фармоиш қабул кард.

Ба пешниҳоди Вазоратҳои тараққиёти иқтисодӣ ва ихтисори камбағалӣ,дастгирии маҳаллаву оила ва молия роҷеъ ба зиёд кардани хазинаҳои захираи Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоғистон,ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд аз ҳисоби Хазинаи мубориза бар зидди инқироз розигӣ дода шуд.

Роҳбарони секторҳо роҷеъ ба ривоҷдиҳии иҷтимоиву иқтисодии ҳаматарафаи минтақаҳо дар муддати ду рӯз мувофиқи иловаи фармоиши мазкур аз ҳисоби маблағи ҷудокарда ба воситаи Хазинаи » Саховат ва кӯмак » ба оилаҳои ба ёрии иҷтимоӣ мӯҳтоҷ додани ёрии моддиро таъмин мекунанд.

Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон,ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд истифодаи манзилнок ва мақсадноки маблағҳои барои ёрии моддӣ пешбинишударо шахсан ба назорат мегиранд.

Вазорати молияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар муддати як рӯз маблағи мазкурро ҷудо мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ