Пайвандгари дӯстии ду халқ

Пайвандгари дӯстии ду халқ

Ҳуҷҷатҳои хеле пурарзиши суғдӣ ҳанӯз пеш аз истилои араб дар Осиёи Миёна ба мавҷуд будани муносибатҳои дӯстона дар байни ин ду халқ гувоҳӣ медиҳанд. Дар аввалин ёдгории хаттии туркии «Қутадғу билик» муаллифи он ба робитаи бевоситаи адабиву фарҳангии ин ду халқ ишора карда, дар ин замина онҳоро меросшарику меросбари таъриху адабу фарҳанги ҳамдигар медонад ва ба василаи тоҷикон зинда мондани афсонаи «Рустаму Суҳроб»-ро таъкид мекунад. Асрҳо пас Алишер Навоӣ дар «Муҳокимат-­ул-­луғатайн» низ ба сароҳат нигошта буд: «Дар байни ҷавону пир, балки ҳамаи калону хурди ин ду тоифа (тоҷикону ӯзбекон – шарҳи мо) ихтилот (наздикӣ) ба як андоза аст. Ҳар қадар ин якро бо он як омезиш ва гуфтор бошад, он якро ҳам бо ин як ба ҳамон андоза такаллум ва гуфтор ҳаст». Тимсоли ҳамин гуна робитаву пайванди воқеӣ дар таърихи ин ду халқ худи Навоӣ ва Ҷомӣ будаанд, ки назирашро таърих кам дар ёд дорад.
Дар ҳақиқат, яке аз имтиёзҳои робитаи тоҷикону ӯзбекон дар он аст, ки ҳар яке аз онҳо дар натиҷаи муносибатҳои наздики иқтисодиву адабӣ ва фарҳангӣ ва мубодилаи онҳо ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтааст. Ин ду халқ дар як хоку об зиста, меҳнат карда, неъматҳои моддиву маънавӣ ба вуҷуд овардааст, ки ҳаммонанди онро дар муносибатҳои халқҳои дигар дидан душвор аст.
Тоҷикону ӯзбекони ин обу хок дар таърих дар рӯзҳои неку бад шарик ва ғамхори ҳамдигар буда, дар муборизаҳо ба муқобили бегонагон аз як гиребон сар бароварда, талхиҳои рӯзгор ва шириниҳои зиндагиро ҳамеша бо ҳам чашидаанд. Ин омилҳо дар ҷараёни иҷтимоиву адабӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек дар тӯли асрҳо муассир ва таъсиргузор будааст. Ин қаробат ва пайванди босамар дар навбати аввал ба қувватнок шудани алоқа бо ҳамдигар ва якдигарро ғанӣ сохтани адабиёту фарҳанги ҳар ду халқ мусоидат намудааст.
Шоирону нависандагон ва мутафаккирони тоҷику ӯзбек маҳсули эҷодии худро ба ганҷинаи умумие ҳамроҳ кардаанд, ки аз он ҳар ду халқ баҳравар мешаванд. Ҳамин тариқ, дар халқҳои мо дар давоми асрҳо тарзи тафаккур ва завқи бадеии ягона ба вуҷуд омадааст. Чӣ дар адабиёти даҳанакӣ ва чӣ китобӣ мавҷуд будани мавзӯъҳои муштарак, тарзи баёни муштарак, қаҳрамонони муштарак, шакл ва услубҳои муштарак, тарзи баён ва ифодаи мароми муштарак ба ин далели қотеъ аст.
Ҳамчунон ки Ҷомӣ ва Навоӣ дар асри XV дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули робитаҳои гуногунҷанбаи халқҳои тоҷику ӯзбек таъсири судманд ва созанда доштаанд, дар асрҳои баъд низ ин робитаҳо босамар будааст, ки ба вуҷуд омадани адабиёти зуллисонайн (дузабона) ба ин гуфтаҳо гувоҳ аст.
Ин равиши таъсиргузор дар мисоли шахсиятҳои адабӣ дар замони Шӯравӣ низ босамар ва муассир буд, ки намунааш фаъолиятҳои адибони тоҷик устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Ғафур Ғулом, Шароф Рашидов, Комил Яшин ва дигарон мебошад.
Дар инкишоф ва пешрафти робитаҳои адабиву фарҳангии ин ду халқ дар рӯзгори охир нақши шоири тоҷик Мирзо Турсунзода хеле бузург аст. Ӯ бо Ӯзбекистон ҳусни таваҷҷӯҳи хосса дошт. Соли 1927, баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгории Душанбе, шоир таҳсилашро дар Дорулмуаллимини Тошканд идома медиҳад ва баъдтар таассуроти он айёмро дар достони «Ҳасани аробакаш» ба тасвир мекашад, ки намунааш ин қитъа аст:

Менамудам нигоҳ роҳравон,
Бо муҳаббат ба кишвари ӯзбек.
Дӯстиро тарона мекардам,
Аз забони қаламкаши тоҷик.

Мирзо Турсунзода дар соли 1930 ба Душанбе бармегардад, вале муҳаббати ин кишвар, ба қавли худаш «ҳамсояи киромӣ» дар дилаш бештар мегардад. Муҳаббати Ӯзбекистон ва фарзандони боҳунари он шоирро ба сурудани шеър­ҳо вогузор мекунад. Агар дар достони «Барои Ватан» дар қатори дигар халқҳо муборизаи ӯзбеконро алайҳи фашизм васф карда бошад, дар шеъри «Қонуни бародарӣ» шуҳратёр шудани «Замини сабзу самарабахши Ӯзбекистон»-ро таъкид мекунад, Ғафур Ғуломро бародари ҷонӣ ва ҳамқаламу ҳамфикри худ мешуморад. Шеъри «Барно йигит», ки ба Ғафур Ғулом бахшидааст, чеҳраи нуронии шоири маъруфи ӯзбекро таҷассум намудааст. Мирзо Турсунзода чеҳраи шоири ӯзбекро ҳамчун падари ғамхор, сардори оила ва бобои меҳрубону ғамхор тасвир карда, ба ин васила муҳаббати худ ва халқи тоҷикро ба Ғафур Ғулом ва халқи ӯзбек ифода мекун

ад:

Бо муҳаббат гӯямат: барно йигит,
Хушқаду хушқомату доно йигит.
Кӯҳ ҳам дорад сафедӣ бар сараш,
Рӯд ҳам дорад сафедӣ бар сараш.
Назми ту кори ҷавонӣ мекунад,
Бо ҷавонон зиндагонӣ мекунад…

Ин шеърро Ҳамидӣ тарҷума карда ва дар рӯзномаи «Ӯзбекистон маданияти» (1963, 7-уми сентябр) чоп намудааст. Шоири тоҷик шеъри «Марҳабо»-ро «ба дӯсти содиқи мардуми тоҷик», шоираи ӯзбек Зулфия бахшида, ба ин васила муҳаббаташро ба занону модарони ӯзбек самимона баён кардааст. Дар шеър ҳисси ватандӯстии шоира, пайванди ӯ бо халқу кишвараш дар маркази диққати шоир истодааст:

Ҳар куҷо, ки рафт гуфтугӯйи ту,
Ӯзбекистон буд дар паҳлӯйи ту.

Мирзо Турсунзода ба воситаи Зулфия симои умумиятёфтаи духтари муборизи ӯзбекро, ки беҳтарин хислат ва фазилатҳои халқи худро таҷассум кардааст, ба вуҷуд овардааст. Ин шеър таронаи муҳаббат ва ормони бародаронаи шоири тоҷик дар ҳаққи духтари ӯзбек аст, ки бо самимият суруда шудааст.
Ӯзбекистон дар осори манзуму мансури шоири тоҷик ҷойгоҳи хос дошта, вай муҳаббат ва самимияташро ба халқ ва обу хоки кишвари мо самимона ва содиқона ифода мекунад.
Мирзо Турсунзода паёмовар ва омили фаъоли ҳаракат ба сӯйи ваҳдат ва ҳамгироии халқҳои ӯзбеку тоҷик буд ва табиист, ки ба андозаи хизмати шоистааш дар дилу дидаи ин ду халқ ҷой гирифтааст.

Ҷумъақул ҲАМРОЕВ,
доктори илмҳои филология, профессор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ