Аз 1-уми сентябр миқдори нафақа ва музди меҳнат зиёд мешавад

Аз 1-уми сентябр миқдори нафақа ва музди меҳнат зиёд мешавад

Президенти мамлакат бар фаомон «Дар бораи зиёд кардани миқдори музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳо» имзо гузошт.

Мутобиқи Фармон аз 1-уми сентябри соли 2020 миқдори музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷавӣ ва ташкилотҳо,  нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳо ба ҳисоби миёна 1,1 баробар зиёд карда мешавад.

Аз 1-уми сентябри соли 2020 дар ҳудуди Ӯзбекистон миқдори камтарини:
музди меҳнат  – моҳе 262 470 сӯм;
нафақа бино бар синну сол  – моҳе  513 350 сӯм;
кӯмакпулиҳо ба ногироҳои модарзод – моҳе 513 350 сӯм;
кӯмакпулиҳо ба куҳансолон ва шаҳрвандони ғайри қобили меҳнат, ки собиқаи ногузири корӣ надоранд, – моҳе 315 030 сӯм муқаррар карда шавад.

То анҷоми соли 2020:

  • миқдори оилаҳои ниёзмандерр, ки бачаҳои синнашон то 14-соларо доранд ва нафақа мегиранд, 2 баробар зиёд намуда, то ба 700 ҳазор расонида мешавад;
  • миқдори оилаҳои эҳтиёҷманд, ки барои парвариши кӯдак то ба синни дусолагӣ нафақа мегиранд, аз 330 ҳазор нафар ба 400 ҳазор нафар зиёд карда мешавад.
  • оилаҳои камтаъмин, ки ёрии моддӣ мегиранд, аз 89 ҳазор ба 100 ҳазор расонида шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ