Иди Қурбон – айёми накӯкорӣ

Иди Қурбон – айёми накӯкорӣ

Президенти мамлакат бо мақсади нигоҳ доштан ва васеъ тарғиб намудани анъанаву арзишҳои қадимии мо мисли эҳсонкорӣ ва олиҳимматӣ, некӣ ва меҳру оқибат, инсонпарварӣ, ки моҳияти иди муқаддаси қурбонро таҷассум менамояд, инчунин дастгирии ниятҳои нек, орзуву саъю кӯшишҳои халқамон ба қарор «Дар бораи ҷашни Иди Қурбон» имзо гузошт.
Бо назардошти қарори Идораи мусулмонони Ӯзбекистон Иди саиди
Қурбон 31-уми июли соли 2020 дар мамлакат васеъ ҷашн
гирифта мешавад.

Ба муносибати паҳн гардидани коронавирус дар саросари ҷаҳон дар воситаҳои ахбори оммавӣ хабаре паҳн гардид, ки мавсими Ҳаҷ дар шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо иштироки миқдори маҳдуди зиёраткунандагон доир мегардад. Мувофиқи қоидаҳое, ки барои зоирони Ҳаҷ дар соли 2020 таҳия гардид, гурӯҳ шуда вохӯрдан ва бо ҳамдигар сӯҳбат кардани онҳо мумкин нест. Инчунин, ба Каъба даст расонидани зиёраткунандагон манъ гардида, онҳо бояд якуним метр масофаи иҷтимоиро нигоҳ доранд. Ҳангоми намозхонӣ ҳам ба ин қоида амал карда мешавад. Истифодаи ниқобҳои тиббӣ барои кормандони ташкилотҳо ва зиёраткунандагон ҳатмист.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани мамлакатамон дар радифи тамоми мусулмонони ҷаҳон, шаҳрвандони Ӯзбекистон низ барои адои яке аз фарзҳои муборак – имкони ибодати Ҳаҷро соҳиб гардиданд.
Аз ҳамон солҳо сар карда, ҳамватанонамон дар ин манзили муқаддас амалҳои Ҳаҷро иҷро карда, барои Ватани озоду обод ва мардуми меҳнатқарини он аз даргоҳи Яздони пок тинҷиву хотирҷамъӣ, файзу барака, накӯиҳо ва фаровонии рӯзгор таманно мекарданд. Насиб бошад, бо заҳмат ва ақлу хиради олимон балои коронавирус бартараф карда шавад, бешубҳа боз аҳли мусулмон ба орзуҳои неки худ мерасанд.
Дар даври шӯро ҷашни Иди Қурбон манъ карда шуда буд. Аммо мардуми мо ҳеҷ гоҳ ин иди муқаддасро фаромӯш накарданд. Баръакс, бо рӯзи муборак ҳамдигарро табрик намуда, пинҳона бошад ҳам, онро пешвоз мегирифтанд. Аз рӯзи даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа оғоз намудани Иди Қурбон ба амали маъмулӣ табдил ёфтааст.
Ба муносибати Иди Қурбон қурбонӣ кардани ҳар як мусулмони барои худ сер, сарватманд ва давлаташ аз эҳтиёҷоташ зиёда, аз ибодатҳои воҷиб ҳисоб меёбад.
Ҳайвонҳое, ки қурбонӣ карда мешаванд, гӯсфанд, буз, чорвои калони шохдор ва шутур ба шумор мераванд. Бузу гӯсфанд бояд яксола, чорвои калони шохдор дусола ва шутур бояд панҷсола бошад.
Буз ва гӯсфанд барои як кас, моли шохдор ва шутур барои аз як то ҳафт нафар қурбонӣ карда мешавад.
Гӯшти қурбоние, ки дар шарикии ҳафт нафар амалӣ мегардад, бояд ба ҳафт нафар баробар тақсим карда шавад. Дар акси ҳол қурбонӣ қабул намешавад. Гӯшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табор ва ёру дӯстон ва қисми дигар ба одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд дода мешавад.
Иди Қурбон – ҷашни бузург аст. Дар ин рӯз хурсандӣ ва шодмониҳоро бояд ба ҳам дид. Азбаски Иди Қурбон иди муборак аст, дар ин айём ранҷонидан ва хафа кардани ҳамдигар амали норавост. Ба хотир овардани гузаштагон, шод кардани рӯҳи онҳо, дуо кардан ва тиловати Қуръон намудан амали хайр дар ин айём ба шумор меравад. Лекин ин амалҳо набояд ба кайфияти идона таъсир расонанд. Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар рӯзҳои Иди Қурбон анҷом дода мешавад, дили инсонҳоро шод намудан ва ба онҳо ҳадя кардани кайфияти идона мебошад. Дар гузашта мардум рӯзҳои Иди Қурбон барои хурсанд кардани дили ҳар як инсон, хоҳ шинос бошаду хоҳ бегона, табрик кардани онҳо бо иди муборак мешитофтанд. Пас аз адои намози Ҳайит пеш аз ҳама падару модарро, баъдан устодон, пайванду хешовандон, ёру бародарон, инчунин, беморонро зиёрат карда, ҳадяҳо тақдим менамуданд.
Имрӯз дар саросари мамлакат маҳдудиятҳои карантин ҷорӣ аст. Аз ин рӯ, барои иҷрои ин амалҳои хайр имкон надорем. Лекин метавонем бо телефони мобилии худ, ки ҳеҷ аз даст намегузорем, нияти нек, табрикотамонро ба инсони дилхоҳи худ расонем. Агар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ёру дӯстонро табрик намуда, ба онҳо худро эҳтиёт намуда, ба саломатии хеш бефарқ набуданашонро ёдрас кунем, мувофиқи мақсад аст.
Иди Қурбон барои ҳамаи мо муборак бошад!

Хуршед НУРУЛЛОЕВ,
сарвари шӯъбаи Маркази тарғиби маънавияти ҷумҳуриятии шаҳри Сама

рқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ