Сооронбой Ҷеенбеков: Фикри ҳар як ҳамватане, ки қурбонии коронавирус шудааст, дардовар аст

Дирӯз 30-уми июл дар Қирғизистон Рӯзи мотам эълон шуда буд. Президент Сооронбой Ҷеенбеков дар робита ба ҳалокати беморон ба пайвандону наздиконашон изҳори ҳамдарди баён намуд.
«Беморӣ, ки тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба Қирғизистон ғаму андӯҳи зиёд овард. Мо шаҳрвандони худро аз даст додем. Дар натиҷаи ин беморӣ падару модарон, кӯдакон, хешовандон ва дӯстони бисёри қирғизҳо ҳалок шуданд. Кишвар талафоти ҷуброннопазир гирифт. Фикри ҳар як ҳамватане, ки қурбонии коронавирус шудааст, дардовар аст.» гуфт сарвари давлат.
Вай ба хонаводаҳо, хешовандон ва дӯстони фавтида тасаллияти амиқ изҳор намуда, онҳоро ба далерӣ ва истодагарӣ даъват кард.
«Ҳамаамон як тақдир дорем. Халқи қирғиз муттаҳид аст. Ҳар як шаҳрванди фавтида қаҳрамони мо, шахси наздик, хешовандон, дӯстон, ҳамсоя ва шинси мост» — илова кард Ҷеенбеков.
Ҳамзамон, вай қайд кард, ки мубориза барои ҳаёти шаҳрвандон ва саломатии мардум ҳанӯз ба анҷом нарасидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ