Подшоҳи Арабистони Саъудӣ бемористонро тарк кард

Подшоҳи Арабистони Саъудӣ бемористонро тарк кард

  • Post category:Ҷаҳон


Салмон бин Абдулазиз ал Саъуд, подшоҳи Арабистони Саъудӣ баъди ҷарроҳӣ бемористони шаҳри Ар-Риёзро тарк кард. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии подшоҳӣ хабар дод.
Подшоҳи 84-солаи саъудӣ 11 рӯз пеш бо ташхиси илтиҳоби кисаи сафро (воспаление желчного пузыря) дар бемористон бистарӣ шуда буд.
Ҷарроҳӣ бо муваффақият анҷом ёфт ва подшоҳ бемористонро тарк кард.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ