Коронавирус дар 3 моҳе 147 ширкати бузурги ҷаҳонро “банкрот” кард


Пандемияи коронавирус дар моҳҳои апрел-июни соли ҷорӣ 147 ширкати бузурги ҷаҳонро варшикаста (банкрот) кард.
Дар натиҷаи таҳқиқи коршиносони ширкати Euler Hermes маълум шуд, ки корхонаҳои амрикоӣ ва аврупоӣ бештар аз дигарон дучори мушкилоти ҷиддӣ шуданд ва дар натиҷа дар ИМА 52 ширкат ва дар Аврупо 64 ширкат варшикаста шуд.
Шумори ширкатҳои варшикаста дар имоҳҳои апрел-июни соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин моҳҳои соли гузашта тақрибан 2 баробар зиёд аст.
Ширкатҳое, ки дар заминаҳои энергетика, мошинсозӣ, хидматрасонӣ ва хурдафурӯшӣ (чакана савдо) фаъолият доранд, ҳоло дар вазъи хеле мушкил қарор доранд. Коршиносон мегӯянд, ки варшикаста шудани як ширкат мумкин аст дигар ширкатҳои вобаста ба онро низ аз фаъолият боздорад.
Бино ба пешбинии коршинсонон, имсол дар Олмон беш аз 29 ҳазор ширкати маҳаллӣ варшикаста хоҳад шуд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ