Трамп: интихоботи президентӣ ба вақти дигар гузошта шавад

Кишвардори Амрико Доналд Трамп пешниҳод намуд, ки интихоботи қарибулвуқӯъ ба вақти дигар гузошта шавад.
Вай зарурати ба таъхир гузоштани интихоботро ба таҳдиди сирояти коронавирус ва имкони дахолати дигар кишварҳо ба интихобот тавассути овоздиҳӣ тариқи почта арзёбӣ кард.
«Агар овоздиҳии умумӣ тавассути почта сурат гирад, он гоҳ  интихоботи соли 2020 дар таърих ғайривоқеӣ ва тақаллубтарин хоҳад буд. Ин барои Амрико таҳқири бузург аст. То он даме, ки мардум роҳату бехатар ба интихобот омада овоз надиҳад, ин маъракаро бояд ба таъхир гузошт», навиштааст Трамп дар сафҳаи худ дар Твиттер.
Ҳамзамон, ба гуфтаи намояндаи ҳукумати Трамп Ҳоган Гидли, сарвари феълии Амрико масъалаи ба таъхир гузоштани интихоботро пас аз талаби демократҳо бобати ба роҳ мондани овоздиҳӣ тариқи почтаҳо, ба миён гузошт.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентии Амрико рӯзи 3 ноябр таъин шудааст. Бо вуҷуди ин, дар кишвар мубоҳисаи фаъол дар бораи чӣ гуна гузаронидани онҳо дар замони пандемия матраҳ аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ