Нахустин қурбонии коронавирус дар Ветнам


Рӯзи гузашта дар Ветнам нахустин марг бар асари COVID-19 сабт шуд. Дар ин бора Vietnam News ба нақл аз ҳукумати кишвар хабар дод.
Хабари нахустин марги бемори COVID-19-ро кумитаи беҳсозӣ (профилактика) ва назорати паҳншавии коронавируси Ветнам эълон кард.
Бино ба хабари ин кумита, бемори таҳти рақами 428 вафот кардааст. Ҷузъиёти марги бемор маълум нест.
Бар асоси додаҳои расмӣ, то ба ҳол дар Ветнам ҳамагӣ 509 нафар мубталои вирус шудаанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ