Apple ва Samsung дар бозори ҷаҳонӣ ҷойи худро ба Huawei холӣ карданд

Apple ва Samsung дар бозори ҷаҳонӣ ҷойи худро ба Huawei холӣ карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Samsung ва Apple, ки дар бозори ҷаҳонии смартфонҳо тӯли солҳои зиёд “ҳоким” буданд, имсол рақобатро ба Huawei Technologies бохтанд.
Huawei дар дувумин семоҳаи соли ҷорӣ тавонист дар фурӯши смартфонҳо пешсафи ҷаҳон гардад. Ба назари коршиносон, ширкати чинӣ бе “ёрӣ”-и пандемияи COVID-19 наметавонист ба чунин натиҷа расад.
Бино ба додаҳо, дар моҳҳои апрел-июн Huawei 55,8 миллион дона смартфон фурӯхтааст. Samsung ба иллати муаммоҳои пайдошуда дар натиҷаи пандемияи коронавирус 53,7 миллион дона смартфон фурӯхтааст.
Фурӯши смартфонҳои Samsung дар семоҳаи дувуми соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин даври соли гузашта 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат фурӯши смартфонҳои Huawei ҳамагӣ 5 дарсад кам шудааст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ