Чархболи бесарнишини Airbus нахустин бор парвоз кард


Чархболи бесарнишини VSR700-и ширкати Airbus Helicopters нахустин парвози худро анҷом дод. Парвози чархбол 10 дақиқа идома дод.
Бруно Эвен, сармудири ширкат гуфт, ки нахустин парвози VSR700 дар маркази озмоишҳои Фаронса баргузор шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин парвоз ба озмоиши навбатӣ, ки соли оянда дар баҳр баргузор мешавад, қадами бузург буд.
Дарозии чархболи VSR700 6,2 буда, дар баландии то 6 километр метавонад то 8 соат дар парвоз бошад. Суръати ҳадди аксари чархболи бесарнишин дар як соат 80 километр мебошад.
Чархболҳои VSR700 барои ёрӣ ба чархболҳову киштиҳои низомӣ дар амалиётҳои баҳрӣ истеҳсол мешавад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ