Барои сафари 144 тан муҳоҷири корӣ аз Ӯзбекистон ба Русия парвози махсус анҷом ёфт


144 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон барои кор ба вилояти Амури Русия рафтанд. Барои интиқоли онҳо парвози махсус анҷом ёфт. Дар ин бора оҷонси муҳоҷирати кории хориҷӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони корӣ бар асоси тавофуқи Ӯзбекистон бо корфармоёни Русия дар сохтусози як корхона дар вилояти Амур кор мекунанд.
Муҳоҷирон дар Русия 14 рӯзро дар карантин сипарӣ мекунанд ва баъдан ба кор шурӯъ хоҳанд кард.
Дар моҳи июн бо ёрии оҷонси муҳоҷирати кории хориҷӣ 33 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон барои кор ба вилояти Қазоқистони шарқӣ рафта буданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ