Ҳаҷҷи Акбари соли 2020 дар аксҳо

Ҳаҷҷи Акбари соли 2020 дар аксҳо

  • Post category:Ҷаҳон

Имрӯз зиёраткунандагон дар Арабистони Саъудӣ маросими Ҳаҷҷи Акбар, яъне зиёрати Каъбаро анҷом медиҳанд. Имсол ба далели пандемияи коронавирус адои Ҳаҷҷи Акбар танҳо тақрибан ба 10 ҳазор нафар насиб мекунад. Ин дар ҳолест, ки одатан ҳар сол миллионҳо нафар мусалмон дар ин рӯзи муборак Каъбаро зиёрат мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта 2,5 миллион нафар мусалмон ба зиёрати Каъба мушарраф шуда буданд.

Кормандони тиббии вазорати тандурустии Арабистони Саъудӣ дар фурӯдгоҳ мунтазири омадани зиёраткунандагон ҳастанд

Image

Зиёраткунандагон дар автобуси фурӯдгоҳ ба фосилаи иҷтимоӣ риоят мекунанд

Image

Ба деворҳои Каъба “кисва”-и нав мепӯшонанд

Image

Зиёраткунандагон дар атрофи Каъба

Image

Барои зиёраткунандагон риояти фосилаи иҷтимоӣ ҳатмӣ аст

Image

Корҳои беҳсозӣ (профилактикӣ) дар Масҷид-ул-Ҳаром барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ