Дар Қазоқистон ваксинаи зиддикоронавируси сохтаи Австралия истифода шуд


Дар маркази ваксинологияи байналмилалии вобаста ба донишгоҳи миллии кишоварзии Қазоқистон нахустин бор ваксинаи зидди коронавирус, ки дар Австралия сохта шудааст, истифода шуд.
Бино ба иттилои «Хабар-24», Қайсар Табинов, нахустин ваксинаро ба бадани мудири ин марказ – Қайсар Табинов заданд.
Ваксинаи COVAX-19-и Австралия ҳоло дар нахустин марҳилаи озмоиши клиникӣ қарор дорад.
Худи мутахассисони Қазоқистон низ бар зидди коронавирус ваксина таҳия мекунанд. Гуфта мешавад, ки марҳилаи асосии озмоиши клиникии ин ваксина дар моҳи сентябр оғоз хоҳад шуд.
Бино ба додаҳои пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, ҳоло шумори мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон 90 367 нафар, шумори қурбониёни он 793 нафар аст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ