Астрономҳо: 5-уми август астероиди бузург ба Замин наздик меояд

5 августи соли равон соати 15.35 ба вақти маҳаллӣ астероиди бузург, ки андозааш то 190 метр аст, дар масофаи тақрибан 2.7 млн км ба Замин наздик меояд. Аломати ин ҷирм  2009 PQ1 буда, он ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил намешавад. Ғайр аз ин, масофаи наздикшавии астероид ба Замин аз масофаи байни Замину Моҳтоб ҳафт маротиба зиёд аст. Бинобар  ин, наздикшавии ин астероид ба Замин хатар намеорад. Тибқи маълумоти олимони соҳа, дафъаи оянда наздикшавии астероиди 2009 PQ1 ба Замин соли 2137 ба вуқӯъ меояд.

Моҳи июл низ якчанд астероидҳо ба Замин наздик шуданд. Аз ҷумла, 24 июли соли 2020 астероиди 2020 ND, ки андозааш ба  170 м баробар аст ва он ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок барои Замин дохил мешавад,  ба Замин наздик омад. Ин сангпораи азимҷусса дар масофаи зиёда аз 5 млн км  аз Замин тай карда гузашт.

Инчунин, 26 июли соли 2020 боз ду астероиди дигар ба Замин наздик шудаанд. Яке аз онҳо мадори Заминро бурида гузашт ва дигаре умуман мадори Заминро набурид. Ҳарчанд онҳо ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил намешаванд, лекин гоҳ-гоҳ ба Замин наздик шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ