ФИФА ба Федератсияи футболи Ӯзбекистон 1,5 миллион доллар ҷудо мекунад

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) барои рафъи пайомадҳои иқтисодии пандемияи коронавирус то 1,5 миллион доллар ҷудо мекунад. Ҳар як иттиҳодия — узви федератсия, аз ҷумла Ӯзбекистон, як миллион доллар гранти асосӣ мегирад. Иловатан, маблағи  500 ҳазор доллар барои рушди футболи занона ҷудо карда мешавад. Дар ин бора сомонаи ФИФА хабар медиҳад.
Боз барои ҳар як конфедератсия 2 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Маблағи боқимондаро ФИФА барои додани қарзҳои бефоиз равона мекунад. Ҳадди бештари қарзҳо барои иттиҳодияҳо 5 миллион доллар ва барои  конфедератсияҳо 4 миллион долларро ташкил медиҳад. Маблағҳои ҷудонамудаи ФИФА -ро барои расонидани кумак ба дастаҳо, лигаҳои касбӣ ва инчунин дигар субъектҳои футбол, ки бар асари пандемияи коронавирус зарар дидаанд, истифода кардан мумкин аст. Айни замон дар ҳайати ФИФА 221 ассотсиатсия шомил мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ