Ӯзбекистон импорти автомобилҳои Русия, Украина ва Қазоқистонро аз “акциз” озод кард


Ӯзбекистон аз имрӯз, 1 август воридоти автомобилҳоеро, ки дар Русия, Қазоқистон ва Украина истеҳсол мешаванд, аз андози ғайримустақим (акциз) озод мекунад.
Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон қарори махсус имзо кард.
Қабл аз ин барои ворид кардани автомобилҳои истеҳсоли хориҷӣ дар Ӯзбекистон 2 дарсад андози ғайримустақим ва бар асоси тавофуқномаи тиҷорати озод дар чорчӯби ИДМ 15 дарсад андози бар арзиш афзуда (“НДС”) ситонда мешуд.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон аз соли 2017 ба ин сӯ ҳаҷми андози ғайримустақимро барои маҳсулоти кишварҳои ИДМ тадриҷан коҳиш медод. Автомобилҳо, маводди ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ аз ин ҷумла мебошанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ