Фарбеҳшавии мард ва занҳо бештар ба чӣ вобаста аст?

Олимони канадагӣ алоқамандии фарбеҳӣ ва танҳоии занону мардонро муайян карданд, хабар медиҳад «Известия».
Коршиносон аз донишгоҳи Колумбияи Бритониё қайд мекунанд, заноне, ки алоқаи иҷтимоияшон кам аст, дар қиёс бо чунин мардон фарбеҳтар мешаванд.
Пажӯҳишгарон пайвандии алоқаи иҷтимоии 28 238 одами аз 45 то 85 сола ва вазни бадани онҳоро омӯхтаанд.
Муайян шуда, ки занон (занони бе шавҳар, танҳо ва бева), ки танҳо зиндагӣ мекарданд ва бо шумораи ками одамон дар алоқа буданд, вазни бештар доранд.
Мардон бошанд баракс. Он мардоне, ки хонадор ва алоқаи бештари иҷтимоӣ доштанд, нисбат ба мардони танҳо фарбеҳтар буданд.
Олимон бар онанд, ки фарбеҳии занони танҳо бештар ба нақши гендерии онҳо вобаста аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ