Мутахассисони “Роспотребнадзор”-и Русия ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон омаданд

Бар асоси гузориши намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони ин созмон барои тақвияти хадамоти озмоишгоҳӣ дар посух ба корона ва ҳамчунин сохтори озмоишгоҳи Маркази амалиёти изтирории беҳдошти умумӣ кумак хоҳанд кард, иттилоъ додааст Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи 7 нафараи мутахассисони “Роспотребнадзор”-и Русия, ки шомили ин ҳайат ҳастанд, аз системаи мавҷуди баррасии натиҷаҳои озмоишгоҳӣ ва ҳамчунин ҷараёни натиҷаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасиву таҳлил ва иқдомоти дақиқеро барои тақвияти системаи мудирияти натиҷаҳои озмоишгоҳии КОВИД -19 пешниҳод мекунанд.
 Тибқи барнома дар ин боздид системаҳои озмоиш ва муаррифҳое, ки аз суи “Роспотребнадзор”таҳия шудааст, барои анҷоми 20 ҳазор озмоиши ташхиси вируси корона дар ихтиёри ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон қарор дода мешаванд.
Бояд қайд кард, ки то кунун “Роспотребнадзор” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон барои анҷоми 50 ҳазор озмоиши вируси корона таҷҳизоти лозима додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ