Дар Россия санҷиши ваксинаи зидди коронавирус ба анҷом расид

Дар Россия санҷиши ваксинаи зидди коронавирус ба анҷом расид

  • Post category:Ҷаҳон


Вазири тандурустии Россия Михаил Мурашко эълон кард, ки санҷишҳо барои ваксинаҳои коронавирус, ки дар Маркази миллии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамале таҳия шудааст, ба анҷом расидааст.

Назар ба гуфти ӯ, эмгузаронии оммавӣ бар зидди коронавирус моҳи октябр гузаронида мешавад. Омодагӣ барои бақайдгирии дору идома дорад.
Баъди ба қайд даровардани ваксина эмкунӣ сар мешавад. Онҳое, ки дар хатар ҳастанд, аввал эм карда мешаванд.

«Пеш аз ҳама, кормандони тиббӣ ва омӯзгорон эм карда мешаванд ва баъд аз он зери назорат қарор мегиранд» — гуфт Мурашко.
Мувофиқи маълумотҳо ваксина аз 10 то 12-уми август ба қайд гирифта мешавад. Иҷозат барои истеъмол рӯзҳои 15-16-уми август дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ