АСРОРИ МОҲ


Моҳ ягона ҷирми кайҳониест дар системаи Офтоб, ки ба он қадами одам расидааст. Ин ҳамсафари сайёраи мо пайваста зери нишони телескопҳо қарор дорад, онро аз Замин ва аз кайҳон меомӯзанд, вале, ба гуфти олимон, дар 40 соли охир дониши мо дар бораи Моҳ наафзудааст, балки шумораи сирри он меафзояд.
Баъди анҷом ёфтани барномаи амрикоии «Аполлон» оҳиста – оҳиста Моҳро ба боди фаромӯшӣ биспурданду кайҳоншиносӣ ба сӯи дигар майл намуд. Моҳи январи соли 1994 НАСА (агентии миллӣ оид ба астронавтика) ва СОИ (ташаббуси стратегии мудофиаи амрикоӣ, ки бо номи «ҷангҳои осмонӣ» машҳур аст) дастгоҳи автоматии «Клементина» — ро ба Моҳ фиристонданд. «Клементина» аз баландии 400 километр рӯи Моҳро акс гирифта, сипас ба тарафи астероиди 1620 Geographos парвоз кард. Суратҳои ба Замин интиқолдодаи он дар байни аҳли илм эҳсоси тааҷҷубро ба миён оварданд: олимон тахмин мезаданд, ки дар қаъри якчанд кратерҳои тарафи нимкураи ҷанубии Моҳ эҳтимол оби яхкарда ҳаст.
Ин ҳангомае буд – охир Моҳро одатан ҷирми мурда мепиндоштанд. Шароити Моҳ куллан ба вуҷуд омадани яхро рад месозад. Гап дар сари он аст, ки шабонарӯзи маҳтобӣ нисбат ба заминӣ 28 маротиба дарозтар асту атмосфера надорад. Ва дар ин муддат Офтоб онро метафсонад то ба дараҷаи 122 Селсия. Пас, дар ин ҷо чӣ хел ях пайдо шуданаш мумкин аст? Вале аксҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар қаъри 12 километраи кратерҳо, ки ба он ҷо нури офтоб намерасад, буданаш мумкин.
Аммо об чӣ гуна дар Моҳ пайдо гаштааст? Ақидае ҳаст, ки обро ба Моҳ метеоритҳои дар тӯли миллиардҳо сол афтода овардаанд. Фарзияи об яке аз асрори Моҳ ба ҳисоб меравад. Мутахассисони НАСА панҷ сирри Моҳро мухтасар ифода кардаанд: чӣ тарз Моҳ радифи Замин шуд? Таърихи Моҳ чӣ гуна аст? Кай ва чӣ хел дар Моҳ кратерҳо пайдо шуданд? Таърихи атмосфераи Моҳ чӣ тур аст? Кадом муаммоҳои системаи Офтоб бо Моҳ алоқамандӣ доранд?
Илмҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ таъсири Моҳро ба инсон омӯхтаанд. Оё Моҳ ба Замин таҳдид мекунад? Моҳ аз Замин дар масофаи 384 ҳазор километр мустақар аст, қутраш 3476 километр мебошад, яъне 4 маротиба аз Замин хурдтар аст. Аммо на танҳо Замин Моҳро ба худ мекашад, Моҳ низ ҳамин амалро соҳиб аст. Инро қонунҳои физика исбот кардаанд. Яъне, Моҳ дар атрофи Замин чарх мезанад ва мо низ дар гирди он давр мезанем. Неруи кашиши Моҳ чӣ оқибате дорад?
Шабона дар зери таъсири қувваи ҷозибаи Моҳ дар баҳру уқёнусҳо ҷазр рӯй медиҳад. Моҳ массаи бузурги обро ба сӯи худ мекашад. Ва вақте ки Моҳ чархзанон аз Замин дур мешавад, обро «сар» медиҳад ва мадди баҳрҳо рӯй медиҳад. Яъне, мадду ҷазр бо таъсири Моҳ ба вуҷуд меоянд. Мо хаёл мекунем, ки ин ҳаракати об бошад, дар амал ин ҳаракати Замин аст. Вақте ки Моҳ массаи бузурги обро ба сӯи худ мекашад ва онро «нигоҳ» медорад, Замин ҳаракати худро дар атрофи мадораш идома медиҳад, аз ин рӯ, на об ба сӯи материк, баръакс материк ба тарафи об ҳаракат мекунад. Ва ҳар боре, ки Моҳ уқёнусҳои моро «ба сӯи худ мекашад», Замин чархзанон маҷбур мешавад, ки қувваи кӯҳҳои обиро бартараф созад. Ҳар бор бо ин амал Замин неру сарф намуда, суръати чархзаниашро суст мекунад ва дигар ҳеҷ гоҳ бо суръати аввала дар атрофи мадораш давр нахоҳад зад.
Замин импулси ҳаракати худро аз майдони гравитатсионии кайҳон чор ё панҷ миллиард сол пеш гирифта буд. Дар ин муддат суръати даврзаниаш хеле суст шудааст, зеро неруашро аз даст додааст ва онро наметавонад барқарор созад. Сустшавии ҳаракати Замин зери таъсири Моҳ ҳар рӯз 0,00164 сонияро ташкил медиҳад ва ин тормоздиҳӣ аллакай якчанд миллиард сол боз идома дорад. Ва Замини мо муттасил ҳаракаташро суст мекунад, ки ин барояш дар оянда оқибати фалокатоваре оварданаш мумкин аст.
400 миллион сол пеш, вақте ки акнун рустаниҳо дар Замин месабзиданд, як соли заминӣ аз 405 рӯз иборат буду шабонарӯз ҳамагӣ 21 соату 30 дақиқаро ташкил медод, яъне Замин дар атрофи мадораш тез ҳаракат мекард. Чӣ қадаре ки Замин куҳансол мешуд, ҳамон андоза сол кӯтоҳ ва шабонарӯз дарозтар мегашт. Зеро Замин, ба сабаби тормоздиҳии Моҳ, оҳистатар дар атрофи мадораш давр мезадагӣ шуд. Рӯзе, ки Моҳ «тормоз» — ро пурра пахш мекунад, муттасил наздик меояд. Як ба ёд оред. Троллейбуси серодам

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ